Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Забони мо, ки забони шеъру ҳикмат ва фарҳанги олист, борҳо миллати моро аз нобудӣ наҷот додааст. Ҳар гоҳ ватани мо озоду мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст. Имрўз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро беш аз сад давлати ҷаҳон ба расмият шинохтаанд.
Ин маънои онро дорад, ки ҷаҳон забони давлатии моро низ ҳамроҳ бо давлатдории мо бо расмият шинохтааст.».
Тоҷикистон имрўз чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба обрўву эътибори баланд соҳиб гардида, дар тамоми самтҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ба комёбиҳо ноил мегардад. Бояд гуфт, ки пас аз барқарор намудани рукнҳои харобгардидаи давлатдорӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ асосан аз ибтидои солҳои дуҳазорум сар карда, ҷумҳурӣ ба марҳилаи бунёдкориву созандагӣ ворид гардид. Пешрафтҳои дар ин муддати хеле кўтоҳ ба даст омада на танҳо боиси ифтихори тоҷикон аст, балки дар миқёси ҷаҳон эътироф гардидааст.
Ҳукумат бо мақсади рушди кишвар се ҳадафи стратегии миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбастӣ коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро ба миён гузошт, ки онҳо дар партави ваҳдати миллӣ марҳила ба марҳила ба ҳаёт татбиқ гардида, симои Тоҷикистонро ба куллӣ дигаргун месозанд. Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ, ки дар охири декабри соли 2016 сурат гирифта буд, бо ифтихору қаноатмандӣ аз комёбиҳои даврони истиқлол ва ваҳдати миллӣ ёд намуд, ки мо аз он чанд намунаеро ин ҷо зикр менамоем.
Дар даврони истиқлоли ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи энергетика, саноат, сохтмон, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ 88 миллиард сомонӣ ба масраф расидааст. Беш аз ду ҳазор километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан, зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингард бо маблағи умумии ёздаҳ миллиарду 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

пешина
аз 601
навбатӣ