ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ин ҳама иқдомҳои бунёдкориву эҳёгарӣ самараи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошанд, ки симои Тоҷикистонро ба куллӣ дигаргун сохта, чеҳраи дурахшонашро дар назари оламиён беш аз пеш ҷилвагар месозанд.
Аз аввалин солҳои истиқлолият, хусусан пас аз ба имзо расидани Созишномаи Сулҳ мактабу маориф ҳамчун меҳвари асосии рушди кишвар пазируфта шуд. Нависанда ва мутафаккири бузург Лев Толстой иброз дошта, ки барои рушди ҷомеа, бедории фикрӣ ва болоравии маънавиёти тўдаҳои мардум се омил чун обу ҳаво заруранд. Ин омилҳо «маориф, маориф ва боз ҳам маорифанд». Воқеан, маориф чароғи ҳамешафурўзони ҳар як хонадон ва кулли ҷомеаи башар мебошад.
Бо дарки ин ҳақиқат маориф дар Тоҷикистон чун соҳаи стратегии ҷомеа эътироф гардидааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ду ҳазору 500 мактаб ва беш аз ҳазор шабакаи тандурустӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Танҳо соли 2016 беш аз 200 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва бозсозӣ шуда, барои 39 ҳазор хонандагон ҷои нави нишаст муҳайё гардид. Дар 25 соли истиқлолият теъдоди мактабҳои олӣ аз сездаҳ то ба зиёда аз 40 адад афзуд. Дар тамоми вилоятҳо ва дар чандин шаҳрҳои мамлакат донишкадаҳои нав қомат барафрохта, ҳазорон ҳазор ҷавононро ба оғўш гирифтаанд. Масалан, танҳо дар вилояти Хатлон шаш донишкадаи таҳсилоти олӣ амал намуда, ба 28 ҳазор нафар донишҷўён аз рўи 212 ихтисос таълим дода мешавад.
Дар партави истиқлолият ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон бо қадамҳои устувор пеш рафта, қуллаҳои нав ба нави тараққиётро фатҳ менамояд. Ҳоло дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт 70 лоиҳа дар ҳаҷми 22 миллиард сомонӣ ба ҳаёт татбиқ мегардад. Инчунин, дар соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба иҷро хоҳад расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё