ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар неругоҳи барқӣ – обии Роғун, ки ифтихори Тоҷикистон аст, бунёдкорӣ бо суръати баланд идома дорад. Аз аввали корҳои барқарорсозии Роғун то кунун 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2016 ду миллиарду 800 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст. Тибқи нақша аввалин агрегати неругоҳи Роғун охири соли 2018 ба тавлиди барқ оғоз менамояд. Роғун машъали дурахшони имрўзу фардои Тоҷикистон аст, ки моро сўи ояндаи дурахшон ва пурнур ҳидоят менамояд. Адабиёт ва илму фарҳанги тоҷик рушд намуда, ба нерўи ваҳдатофаринӣ табдил ёфтаанд. Аҳли фарҳанги тоҷик дар солҳои истиқлолият дар саҳнаҳои беш аз 50 мамлакати Шарқу Ғарб маҳорати баланди хешро намоиш дода, миллионҳо мардумони ин кишварҳоро бо санъати миллии мо ошно намуда, меҳри Тоҷикистонро дар дили онҳо ҷойгузин кардаанд. Баландии қасрҳову кохҳои фарҳанг, ки дар саросари Тоҷикистон бунёд мегарданд, рамзи баландии дилҳо ва баландии маърифати мардуми тамаддунпарвари тоҷик мебошад.
Тадбирҳо ва пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта мешаванд, боиси боз ҳам таҳким ёфтани ваҳдат ва обрўю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мегарданд.
Аз ҷумла, пешниҳоди оид ба даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» дар созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби беш аз 190 кишвари ҷаҳон мавриди ҷонибдории гарм қарор гирифт. Ин чаҳорумин пешниҳоди Тоҷикистон оид ба масоили об чун манбаи ҳаёт ва рушди сайёраи мо мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва қадрдонӣ гардидааст. Дарёҳои Тоҷикистон, ки дорои 527 миллиард киловатт – соат нерўи барқ мебошанд, метавонанд ба инсоният нафъи фаровоне расонанд.
Эълон шудани соли 2017 чун соли ҷавонон яке аз иқдомҳои бисёр муҳим ва саривақтист, ки бовариву эътимоди ҷавононро ба дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати халқи мо қавитар мегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё