Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ин иқдом робита ва пайванди ҷавонони даврони истиқлолро бо насли калонсоли мамлакат вусъат бахшида, боиси таҳкими нави наслҳо ва ваҳдати миёни онҳо мегардад. Соли ҷавонон нерўи бунёдкоронаи онҳоро ба маҷрои нав ворид намуда, муҳаббат ва садоқаташонро ба ормонҳои волои истиқлолият ва ваҳдат дучанд мегардонад.
Дар партави ваҳдати миллӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сол аз сол рушд меёбад ва дар байни қишрҳои ҷомеа қавитар мегардад. Ҳоло дар мамлакат ҳафт ҳизби сиёсӣ ва қариб дую ним ҳазор созмони ҷамъиятӣ амал менамояд, ки ба хотири пешрафти ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ва таҳкими ваҳдати миллӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд. Истиқлолият, ваҳдати комил ва сулҳу суботи пойдор ба Тоҷикистон болу пари нав бахшида, онро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Имрўз Тоҷикистонро ҳазорон риштаҳои дўсти бо кишварҳои олам мепайвандад ва сиёсати дарҳои кушода имкон фароҳам оварда, ки дўстиву ҳамкории мо бо кулли кишварҳои олам пайваста равнақ ёбад. Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқею мақоми хоси худро пайдо намуда, аз мартабаву эътибори баланд бархурдор аст. Дўстон ва ҳаводорони Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон беҳисобанд ва пайваста меафзоянд. Дилҳои мо, дару дарвозаҳои ватани мо ба рўи дўстони воқеӣ ҳамеша боз аст:
Халқи олам дўст бо мо гаштааст, Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун!
Дўст ояд гарм дар оғўш гир, Расми хуби тоҷиконро гум макун!
(М. Турсунзода)
Ваҳдати миллии мо, ки бо саъю талошҳои зиёд ва азму иродаи матини халқамон ба даст омадааст, ба нерўи наҷотбахши миллат ва кишвар табдил ёфт ва самараҳои дурахшон ба бор овард.

пешина
аз 601
навбатӣ