ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Истиқлолият ва ваҳдат сароғози давлатдории навини мо, сарчашмаи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва муттаҳидиву якпорчагии миллати куҳанбунёди тоҷик гардиданд. Аз файзи ваҳдат якдиливу якмаромии кулли мардуми тоҷик ба ҳақиқат табдил ёфт.
Истиқлолият ва ваҳдати комил шоҳсутунҳои тиллоие ҳастанд, ки бинои мўҳташани давлат бар дўши онҳо пойдору устувор аст. Танҳо дар сурати пойдории ваҳдати воқеӣ истиқлолияти давлатӣ нерўманду тавоно гардида, ба умқи ҳаёти таърих ва ҷомеа реша давонда, аз ҳамгуна боду тўфонҳо ва газанди рўзгорон эмин мемонад. Имрўз ҷавҳари ваҳдат ва истиқлолият дар дили ҳар як сокини Тоҷикистон ҷойгузин гашта ва ба қаъри таърих реша давонда, бо ормонҳои волои давлати Сомониён, ки ифтихори миллии мост, пайванди маънавӣ пайдо кардааст. Хуршеди истиқлолият, ваҳдати миллӣ, дўстиву рафоқат, меҳру садоқат ва сулҳу суботи пойдор рўзону шабон бар фарози Тоҷикистон партавафшонӣ карда, роҳи сарзамини биҳиштосои моро ба сўи қуллаи мурод ва фатҳу зафарҳои нав мунаввар мегардонад.
Душанбе, августи с. 2017
Мақола дар ҳаммуаллифӣ бо публисист Раҷабалӣ Қудратов навишта шудааст
Ба истиқболи 25-солагии Иҷлосияи
таърихии 16-уми Шўрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ХУДО ОН МИЛЛАТЕРО САРВАРӢ ДОД…
Мусаллам аст, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ва ин таърихи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё