ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
миллат ва халқи кишвар бо ному фаъолияти пурсамари
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
Мо ба он хотир ба ин Иҷлосияи тақдирсоз арҷгузорӣ мекунем, ки бо шарофати он на танҳо ба ҷанги таҳмилии дохилӣ хотима бахшида, сохти фалаҷгаштаи конститутсиониро барқарор намудем, балки ҷиҳати эҷоди механизми одилонаи гуфтушуниди сулҳ ва имзои Санади истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон муваффақ ҳам гаштем.
Таъкид намудан зарур аст, ки роҳи сулҳу оштӣ осону ҳамвор набуд, зеро на ҳамаи ҷонибҳо барои сари мизи музокирот нишастан омода буданд. Бинобар ин дар бораи он солҳо аз мавқеи имрўза сухан гуфтан осон менамояд. Он вақт ҳар рўз як хабари нав, як рўйдоди фоҷианоку даҳшатбор, кушторҳои мармузи ходимони давлатию нобиғаҳои касбу кори мухталиф, талошҳои ғасби шаҳру навоҳии мамлакат ва нофармонии баъзе қумондонҳоро мешунидем, ки ин ҳолат воқеан ҳам барои мардуми мо воҳиманок ва ташвишовар буд.
Яқин, халқу миллати тоҷик дар ҳоли паркандашавӣ қарор дошт. Тамомияти арзии сарзамини тоҷикон, ин Ватани азизу муқаддаси мо зери хатар буд. Хушбахтона, бо иродаи матину тамаддуни баланди мардуми шарифу сарфарози тоҷик пеши роҳи парокандашавӣ гирифта шуд.
Бо даъват шудани Иҷлосияи 16 Шўрои Олии ҷумҳурӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон марҳилаи нави пешгирии нобасомониҳо оғоз ёфт. Зимнан, дастоварди муҳиму тақдирсози Иҷлосия ҳамин буд, ки вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шўрои Олӣ интихоб гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё