Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба навиштаи бархе аз таърихнигорони дохилу хориҷи кишвар Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам бозёфти ҳамин Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин раҳми Худованд буд, ки маҳз ҳамин шахс барои ором сохтани вазъи муташанниҷ ба зуҳур омад. Бо вуҷуди муддате идома ёфтани ҷангу ҷидоли миёни тоҷикон иродаи матин ва қатъияти ҳамин шахсият буд, ки дар ниҳоят халқу Ватани азизи мо аз гирудори воқеаҳои нангину вазнини нобасомониҳо, нафрату бадбиниҳо ва ҳамдигарнофаҳмиҳо наҷот дода шуд. Бо эътимоди комил гуфта метавонам, ки ягон фарди дигар аз уҳдаи чунин рисолат баромада наметавонист.
Барои қиёс, бигирем, Афғонистони ҳамсоя ё дигар мамолики ҷангзадаи дунёро, ки чандин солҳо авзои пурташаннуҷи кишварҳояшонро ба ифоқа оварда наметавонанд. Дар ин давлатҳо бисёр абарқудратҳо мудохилаи низомӣ ҳам карданд, аммо вазъро ором ва сулҳу суботро таъмин карда натавонистанд. Сабабаш ҳамин буд, ки ин миллату халқҳо ва кишварҳо пешвои қотеъ ва ғаюру фидоӣ надоранд. Ин миллати тоҷик буд, ки Пешвоеро чун Эмомалӣ Раҳмон Худованд барояш эҳдо намуд.
Ба қавли шоир Муҳаммад Иқбол:
Худо он миллатеро сарварӣ дод, Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад, Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Дар дунё шахсиятҳое ҳастанд, ки дар умури давлатдорӣ метавонанд нақши таърихӣ дошта бошанд. Онҳо бо маҳорату истеъдоди роҳбарӣ, маҳбубияти дар миёни мардум доштаашон қудрате доранд, ки халқро сарҷамъ намоянд ва ба масири созандагӣ ҳидоят намоянд. Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин гуна хислатҳои наҷибашон на танҳо ҷангу хунрезии миёни намояндагони як миллатро хомўш кард ва равандҳои марказгурезиву минтақагароиро баҳам зад, балки давлати дар варта қарор доштаро ба маънои томаш наҷот бахшид.

пешина
аз 601
навбатӣ