Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Маҳз дар Иҷлосияи 16-ум Сарвари давлат ҳамоно баъди интихоб шуданашон аз мардуми саросари кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар атрофи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр - Ватани маҳбубу ягонаи мо» ба ҳам омада, муттаҳиду якдилу яктан шаванд. Хушбахтона, тамоми сокинони мамлакат ин даъватро сарҷамъона пазируфтанд ва барои барқарории сохторҳои қонунии кишвар камар бастанд. Аз ҳамин давра марҳилаи нави ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоӣ оғоз ёфт. Бинобар ин, мардуми мамлакат Иҷлосияи мазкурро тақдирсозу ҳалкунанда унвон кард.
Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон воқеан ҳам рўйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сўйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ

  • сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аввалин қадамҳо гузошта шуд. Дар бораи нақши муҳими Иҷлосияи XVI воқеанигорон ва таърихнависон фикру ақидаҳояшонро аллакай баён доштаанд. Мардум ба аҳамияти тақдирсози он арҷ мегузоранд ва заҳмати бузургу талошҳои вакилони ҳамонвақтаро барои оромию субот қадрдонӣ менамоянд.
    Маҳз дар ҳамин Иҷлосия рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон - Парчам ва Нишони давлатӣ қабул ва тасдиқ шуд, ки ин аз эҳсоси ватандўстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номус дар ҳамон давраи муташанниҷ дарак медод. Ҳарчанд, ки мо дар шароити истиқлолият зиндагӣ доштем, мутобиқи Конститутсияи замони шўравӣ фаъолият мекардем.
пешина
аз 601
навбатӣ