ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бо ин мақсад «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2030»-ро таҳия гардидааст.
Ин санади оддӣ нест, балки бо татбиқ шудани он бисёр проблемаҳои иқтисодию иҷтимоии мо роҳҳои ҳалли худро меёбанд. Барои амалӣ гаштани он ҳамаи сохторҳо, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, ҳар кадом шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо масъулият ва саҳмгузор бошанд.
Бо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамаи кору фаъолияти вобаста ба ободонию созандагиро анҷом додан имконпазир аст. Дар тўли 25 соли баъди Иҷлосияи таърихӣ мо тавонистем, ки ҳама гуна пастию баландиҳо, буҳрону мушкилот ва ниёзмандиҳоро пушти сар намуда, Тоҷикистонро ба як кишвари орому осуда, орӣ аз нобасомонию ҷангу ҷидол ва фитнаю тавтеаҳо фазои сулҳу суботро таъмин гардид. Вобаста ба шароиту имкониятҳо сатҳи зиндагонӣ беҳтар гардид.
Нақшаҳо ва барномаҳои азимеро, ки ҳизби мо барои ояндаи наздик дар бобати таъмини истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, фарҳангӣ, таҳкими маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ғайра пешбинӣ намудааст, бояд қотеона амалӣ гардонем. Авзои пуртаҳаввули ҷаҳони имрўза нишон медиҳад, ки андозаву миқёси хатарҳои бузурги умумибашарӣ қодир аст баъзе кишварҳои гирифтори нобасомониҳои дохилиро ба фазои ҷангу низоъҳои мухталифи идеологию динӣ, муноқишаҳои марзӣ, зиддиятҳои миллию нажодӣ кашонад. Дар ин маврид мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва нисбати ҳама гуна тағйироту дигаргуниҳо бетафовут набошем, балки ба онҳо баҳои муносиб дода, дар фикру андешаи ободию созандагӣ бошем.
Душанбе, ноябри соли 2017

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё