Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ГУЛБОНГИ НАВРЎЗИ ОЛАМОРО

Наврўз бо обу хок, марзу бум ва рўҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрўз рўзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондўсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон,
Душанбе 21.03.2017
Аз авҷи фалак, аз қаъри коинот гулбонге бо савти хушу гуворо бар фарози сайёраи замин танин андохтааст.
Ҳангоми қиёми офтоб ва рўзи эътидоли баҳорӣ дар рўзу соат, дақиқаву сонияи муайян ин гулбонги руҳафзо аз ошёни абадии хеш берун омада, аз омад – омади Наврўз башорат медиҳад. Ва Наврўз амсоли малаке аз гунбади нилгун ба дунёи хокии мо қадам ниҳода, ба ҷаҳони куҳан ҷавонӣ, зебоию тароват ва умри дубора мебахшад.
Гулбонги Наврўз аз қаъри таърих, аз миёни амвоҷи насли башар, аз оғўши шаш – ҳафт ҳазорсолаҳо баланд мешавад, ки дар он даврон ниёкони ориёии мо аз асрори коинот, аз ҳаракати сайёраҳо, аз гардиши Замин бар гирди меҳвари худ воқиф буда, фарорасии Наврўзро интизор мешуданд.
Он ҳафт син ва ҳафт шин, ки рамзҳои Наврўзанд, адади муқаддас ҳисоб ёфта, кинояе аз ҳафт сайёра, ҳафт табақаи осмон, ҳафтдодарон, ҳафт дарё, ҳафт ганҷ ва ҳафт неъмат мебошанд.
Нозу неъматҳое, ки хони Наврўзиро оро медиҳанд, дар миёни мардумоне, ки ба Наврўз эҳтиром мегузоранд муштараканд ва ин гувоҳи он аст, ки Наврўз аз азал ҷашни байналмилалӣ ба ҳисоб мерафт. Барои мардумони ҳавзаи Наврўз нон – рамзи фаровонӣ, файзу баракат, об – боиси ҳастии ҳаёт, дилу нияти пок, суманак – тимсоли нозу неъмат, рўзгори сабзу хуррам, ризқу рўзии фаровон, шарбат – киноя аз суруру шодмонӣ, ком ширин кардан, тухмҳои рангоранг – рамзи мавҷудот, олами ҳастӣ, аз ҷумла тухмаи инсон аст, ки сарфи назар аз рангҳои мухталиф аслашон якест ва ба андешаи Саъдии бузург «дар офариниш зи як гавҳаранд».

пешина
аз 601
навбатӣ