Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардидани Наврўз нуфузи байналмилалии онро дучанд афзун намуд, мақому эътиборашро ба пояҳои боз ҳам баланд бардошт ва онро мазҳари ифтихори мардумони Осиёи Марказӣ, Балкан, ҳавзаи баҳри Сиёҳ, Қафқоз, Шарқи Наздик гардонид. Дар ҳар гўшаи олам, ки насли ориёӣ ба сар мебарад, ё онҳое, ки бо забони Рўдакию Фирдавсӣ сухан мегўянд, ҳатман он ҷо Наврўз ҳозиру нозир буда, аз фурўғаш дилҳо ва манзилҳоро фурўзон мегардонад.
Табиати эъҷозофарин бо забони борони найсон, навои андалебон, чаҳ – чаҳи мурғони чаман, насими анбарафшон, раъду барқи осмон, хурўши чашмасорон, гулафшонии боғу бўстон, бо нафаси гарми Замин ба Наврўз ҳамду сано мехонад ва қудумашро муборак медонад.
Аз рўзи азал гул қосиди Наврўз аст ва ҳар ду дар тору пуди якдигар ончунон печидаанд, ки ба як ҷону ба як тан табдил ёфтаанд.
Боғу чаман ба ифтихори Наврўз базме аз гулҳо оростаанд, ки басо ҷаззобу зебову дилрабост ва ҳар гулбарги он бо ҳазор забон ба Наврўз дуруд мефиристад.
Шоирон низ аз сухан базме оростанд то авсофи Наврўзро ба таври шоиставу арзанда тараннум намоянд ва ҳусну ҷамолашро дар назари мардуми олам ҷилвагар созанд. Гул бо он ҳама нозукию латофат дар назми дарӣ
– тоҷикӣ бори гарони маъниро бар дўш гирифт ва баёнгари ҳусну ҷамоли инсон, андешаҳои фалсафию ирфонӣ ва маънавию ахлоқӣ гардид. Бесабаб нест, ки фарҳангнигорон аз вожаи «гул» беш аз як саду панҷоҳ маънӣ ва аз калимаи «лола» зиёда аз сӣ мафҳумро пайдо кардаанд.

пешина
аз 601
навбатӣ