Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Алломаҳои замон Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём оғози таърихи Наврўзро ба нахустин шоҳаншоҳи ҷаҳон Каюмарс нисбат додаанд ва ин ба он маъност, ки ин ҷашни бостонӣ аз офариниши одаму олам сарчашма мегирад.
Умари Хайём ибтидои таърихи Наврўзро бо Офтоби оламоро, ки дар фарҳанги ориёӣ муқаддас дониста мешавад, марбут медонад ва дар ин иртибот мегўяд:
«Чун Каюмарс аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рўз бомдод офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада. Мўъбадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Маликони Аҷам аз баҳри бузургдошт офтобро нишон карданду ин рўзро ҷашн сохтанд».
Абераи Каюмарс Ҷамшед чун бар тахти подшоҳӣ биншаст, «Офтоб ба фарвардини хеш аввали ҳамал бозомад ва ҷаҳон бар вай рост гашт. Чун он рўзро дарёфт, Наврўз ном ниҳод ва ҷашн оин овард».
Муаррихон оид ба рўзгори Ҷамшед ба натиҷаи зер расидаанд:
«Ба таври қатъӣ ва яқин Ҷамшед аз подшоҳони муштараки ақвоми ҳинду эронист, ки замони ўро ба тақриб метавон мутаҷовиз аз ду ҳазор сол қабл аз милод ҳадс зад».
Ҳаким Фирдавсӣ низ Наврўзро ба Ҷамшеди Каёнӣ мансуб медонад ва бо шодмониву ифтихор ин абётро дар ситоиши ў гуфтааст:
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ў Аз он баршуда фарраи бахти ў.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд Мар он рўзро рўзи нав хонданд.
Ба Наврўзи нав шоҳи гетифурўз Бар он тахт биншаст фирўзрўз.

пешина
аз 601
навбатӣ