Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Пас Наврўз аз рўзи азал, аз ибтидои пайдоиши хеш бо хуррамию шодмонӣ, бо суруду мусиқӣ, бо нағмаҳои дилошўби дафу чанг, рубобу арғунун пайванди ногусастанӣ доштааст.
Дар «Бурҳони қотеъ» омада, ки чун Ҷамшед бар тахт нишасту тоҷ бар сар ниҳод ва хуршед бар ў тобид, ўро мулаққаб ба «шед» шуд. Бад-ин тариқ, дар аҳди Ҷамшед Наврўз расман ҷашни миллӣ эълон гашт ва мақоми давлатӣ дарёфт. Ва Ҷамшед ба мардумон фармуд: «Худои таъоло шуморо халқ кардааст, бояд ки ба обҳои покиза тан бишўед ва ғусл кунед ва ба саҷда ва шукри ў машғул бошед».
Пас аз ин нукта бармеояд, ки Наврўз аз даврони пайдоишаш мазҳари покию тандурустӣ, солимии ҷисму рўҳ, аз ботин пок сохтани кинаву кудурат, тозаю ороста нигоҳ доштани манзилу ҷои зист, сару либос ва тамоми ашёи рўзгор будааст.
Бесабаб нест, ки муҳаққиқи варзида Пашутан Санҷоно дар асари худ «Ҷашнҳои Эрони бостон» овардааст:
«Эрониёни бостон пеш аз он ки соли нав воқеъ шавад, саропои худро пок мешустанд, ҷомаи нав мепўшиданд ва бо сурудани Авесто ва анҷоми ташрифоти мазҳабӣ бар сари суфраи Наврўз, ки ба тартиби хос бо ширинӣ, шамъ, ойина, гул, сабза, нуқл, миҷмари оташ, уд ва соири хўрданиҳову ошомиданиҳои некў ороста мешуд, бо интизори шунидани садои нақораву дуҳули шоҳӣ, ки оғози Наврўз буд, менишастанд. Чун лаҳзаи Наврўз фаро мерасид, ибтидо сардори хонавода бархоста ва ба ҳар як аҳли хона се қошуқ асал бо се дона оби набот ва ширинию дигар бо се дона сиккаи заррин ё симин ва се барги сабз дода, ба онҳо табрики Наврўзӣ мегуфт. Сипас ҳамаи хонавода барпо истода, бо садои баланд Авестои тандурустиро месуруданд ва барои худу аҳли хонадон аз Аҳурамаздо умри дароз ва некномиву шодкомӣ ва фарохрўзӣ хостор мешуданд».

пешина
аз 601
навбатӣ