Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Наврўз он қадар муборак ва муқаддас шуморида мешуд, ки бисёр рўйдодҳои бузург ва рўзгору сарнавишти чеҳраҳои машҳури асотирӣ ва таърихиро бо он алоқаманд донистаанд. Аз ҷумла, дар манобеъи пешин чунин нукоте зикр гардида:
Дар рўзи Наврўз нахустин подшоҳи ҷаҳон Каюмарс ба олами ҳастӣ омадааст.
Ҳушанг – шоҳи Пешдодӣ дар ҳамин рўзи фархунда пой бар арсаи вуҷуд ниҳодааст.
Таҳмурас дар ин рўзи фаррух девони табаҳкору мардумозорро банд ниҳода, мардумро аз шарри онон раҳо кардааст.
Фариддуншоҳ дар рўзи Наврўз кишвари паҳновари
Эрони бостонро дар миёни се фарзанди худ – Эраҷу Салм ва Тур тақсим кардааст.
Соми Наримон – қаҳрамони миллии қавмҳои эронӣ дар ин рўз ба саркўбӣ ва нобуд сохтани мардумозорон бархоста, бунёди зулму табаҳкориро вожгун сохта, осоиши мардуми кишварро пойдор сохтааст.
Зардушт дар ин рўз чашм ба олами равшан кушодааст ва аз сўи Аҳурамаздо ба пайғамбарӣ баргузида шудааст.
Ва Зардушт дар нахустин рўзи ҷашни Наврўз дар Вахшонзамин – нахустмеҳани ориёиҳо ваҳй гирифт ва сипас ба кўҳи Самангон рафта, даҳ соли умри хешро барои гирдоварӣ ва танзими паёмҳои худованд сипарӣ намуд.
Дар Самангон кўҳе бо номи Тахти Рустам то ба имрўз пойбарҷост ва ба андешаи бостоншиносон вай нахустин
маъбадест, ки бевосита аз ҷониби Зардушт бунёд гардидааст. То ба ҳол меҳроби оташ ва курсии он маҳфуз мондааст, ки замоне дар ин макон шуълаи гулхани бузурге забона мезад ва дар партави он Наврўзро бо шукўҳи хоса таҷлил менамуданд.
Наврўз ҷашнест, ки бо нур, бо офтоб, бо шуълаи дурахшони оташ сахт алоқаманд аст.

пешина
аз 601
навбатӣ