ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар бисёре аз мамолики Машриқзамин дар ҷашни
Наврўз то кунун оташафрўзӣ барпо мекунанд ва ин суннати воло аз фарҳанги ориёӣ сарчашма мегирад.
Қавмҳои ориёии бостон нурро мазҳаре аз фурўғи эзадӣ медонистанд ва парастиши офтоб низ аз он ҷост, ки он манбаъ ва мазҳари нуру рўшноист.
Аз он замоне, ки оташ кашф гардид, шабҳои торро равшанӣ бахшид ва нур бар зулмот пирўз гашт, оташ муқаддас дониста мешавад.
Оташе, ки дар саросари Тоҷикистон тамоми шаб зери дегҳои суманак фурўзон буда, мардум дар атрофи он мерақсанду мебозанд ва шодмонӣ мекунанд, аз даврони қадим маншаъ мегирад. Абурайҳонӣ Берунӣ оварда, ки барафрўхтани оташ дар шаби Наврўз поку бегазанд сохтан ва аз байн бурдани ҳамагуна фасод дар ҳаво мебошад.
Шоҳаншоҳони ҳахоманишӣ солшумории зардуштиро чун солшумории расмии давлатӣ пазируфтанд ва ба он арҷ бигзоштанд.
Дар аҳди Куруши Кабир ва Доро Наврўз чун ҷашни давлатӣ дар сатҳи бисёр олӣ доир мегашт.
Шаҳрёрони ҳахоманишӣ ҳар яке мекўшиданд, ки
Наврўзро шукўҳу мақоми тозае бахшанд.
Чунончи, дар аҳди Дорои се дар маросими ҷашни
Наврўз 365 ҷавон пероҳани сурх дар бар дар ҷашнгоҳ ҳозир мешуданд ва шоҳаншоҳро дуруд гуфта, бо низоми хоса аз назди ў мегузаштанд. Шоҳаншоҳ ба сўи онон даст меафшонд ва бадин тариқ соли куҳанро бо 365 рўзаш хайрбод мегуфт ва соли наву наврўзи навро истиқбол мекард.
Дар аҳди подшоҳони Форс пуршукўҳтарин макони баргузории ҷашни Наврўз Тахти Ҷамшед маҳсуб меёфт, ки он яке аз азимтарин ва зеботарин намунаи меъмории даврони бостон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё