Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Сохтмони он тибқи маълумоти муаррихон дар замони салтанати Доро оғоз шуда, дар аҳди подшоҳии писараш
Хашёршоҳ ба поён расидааст.
Дорои аввал хост, ки ҳамчун тимсоли бузургиву шаҳомат, ваҳдати маънавии қавмҳои ориёӣ, шукўҳу шаҳомати
Наврўз ва мазҳари ифтихори миллии шаҳриёрони Форс пойтахте бино намояд, ки дар зери чархи гардун назире надошта ва то ҷовидон пойдор бимонад.
Ў дар 50-60 километрии шимолу шарқии Шероз дар саҳрои васеи Марвдашт, ки дар домони кўҳи Раҳмат воқеъ гаштааст, дар баландӣ макони босафо ва назаррабоеро писандида, тарҳи пойтахти навашро мегузорад.
Бо заҳмати беҳад гарони 20 ҳазор бинокорон, меъморон, тарроҳон, наҷҷорон, сангтарошон, кўҳканон, рассомону ҳайкалтарошон сохтмони Тахти Ҷамшед сад сол идома меёбад ва дар қалби сарзамини Форс пойтахти мармарин қомат меафрозад, ки чун ахтарони осмон медурахшид.
Достоне мебояд то зебоӣ ва шаҳомати онро таҷассум намояд.
Дару деворҳои Тахти Ҷамшед бо се ҳазор нақшҳои гуногун ва муҷассамаҳои асотирию ориёӣ оро ёфта буданд, ки ҳар кадоме бо санъати бисёр зебову нозук бинандаро ба ҳайрат меовард.
Шоҳони каёнӣ аз пойтахти худ Тахти Ҷамшед ифтихоре доштанд ва сафҳаи таърих аз шўҳрат ва баландии мақоми он мунаққаш гашта буд.
Донишманди фаронсавӣ М.Мула бар ин андеша аст, ки «ҳеҷ чиз омўзандатар аз гардиш дар харобаҳои Тахти
Ҷамшед нест».
Муҳаққиқи Эрони куҳан Уместед Тахти Ҷамшедро маҳсули донишу хиради фарҳанги ориёӣ ҳисобида, таъкид менамояд:
«Ин кохҳо на танҳо мазоҳири қудрату шукўҳи импературии эрониёнанд, балки дар ҳамон ҳол намояндаи ваҳдату якпорчагии куллияи ҷавомее низ ҳастанд, ки ҳамасола дар Наврўз пешгоҳи шоҳаншоҳ бор меёфтанд ва бо тақдими ҳадяҳои барҷастаи мулки хеш тазмини дубора барои сулҳу амният мегирифтанд».

пешина
аз 601
навбатӣ