ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданЧун лашкари Искандари яғмогар соли 330-уми пеш аз мелод ба сарзамини Форс расид ва дар баробари Тахти Ҷамшед қарор гирифт, Искандар гўё бо тилисме рў ба рў омад ва моту мабҳут гашт.
Бори аввал боргоҳе дид дар ғояти оливу шукўҳмандӣ ва аз ҳар дару девори он гўиё хуршед медурахшид ва зери анвори дурахшони он сутунҳои баланду барҳаво, пайкараҳои азим ва кохҳои сар ба само ҷило медоранд.
Искандар ва лашкараш Тахти Ҷамшедро ҳалқавор печониданд.
Роҳнамои Тахти Ҷамшедро ҳозир намуданд, то асрори ин пойтахти сангинро ба Искандар боз кунад.
- Қасри Дорост ин, - сухан оғоз кард роҳнамо. – Қасрест барои тоҷгузорӣ, пазироии меҳмонони баландпоя, маконест барои бузургдошти ҷашни Наврўз. Наврўзро, ин ҷашни хосаи шаҳриёрони Форсро бисту як рўз бо тамоми зебоию шаҳомат дар ҳамин макон таҷлил менамоянд.
Меҳмонони воломақом аз Машриқу аз Мағриб дар рўзи ҷашни Наврўз рў ба ин даргоҳ меоваранд ва аз ҷониби шоҳаншоҳ пазируфта мешаванд.
Бо шунидани ин суханҳо кину адовати Искандар ба ҷунбиш омад.
Роҳнамо қасрҳоро, пайкараҳоро, сутунҳои мунаққашро, манзараҳои ҳарбу зарб бо аждаҳоро, толорҳои бошукўҳу назарраборо як-як ба Искандар шарҳу баён менамуд. Чун ба қасри Садсутун расид, иброз дошт: - Ин кохест, ки чор ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад. Шоҳаншоҳ ҳулули соли навро, фарорасии Наврўзро бо шукўҳу тантана дар ҳамин ҷо таҷлил менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё