Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз шунидани номи Наврўз Искандар ба изтироб омад ва ба худ андешид:
«Аҷаб ҷашнест ин Наврўз, ки ба ифтихораш чунин кохе бино кардаанд».
Дар як гўшаи дили Искандар кинаи сахте нисбат ба
Наврўз, ин ҷашни мардуми ориёӣ, падид омад.
Чун вориди кохи Дориюш гаштанд, ҳайрати Искандар боз ҳам афзуд ва торҳои ноаёни ҳасуд чун торҳои анкабут ба атрофи пайкараш печидан гирифтанд.
Кохро 36 сутун бо баландии қариб 20 метр бар дўш медоштанд ва он 12 ҳазор метри мураббаъ вусъат дошт.
Доро дар нақше дар ҳолате тасвир шуда, ки намояндагони 23 кишварро, ки таҳти ҳокимияташ қарор доштанд, пазироӣ мекард ва ҳадяҳое аз онҳо дарёфт менамуд. Дар кохи дигар 28 нафар намояндагони кишварҳои тобеъаш тахти шоҳиро бар рўи даст бардоштаанд, ки болои он
Доро ва писараш Хашёршоҳ менишастанд.
Чашмаш ба деворе афтод, ки марди ҷасури ориёӣ ханҷар бар дили Аҳриман мезад ва он дар намуди аждаҳо тасвир шуда буд. Аз дидани он ба ваҷд омад ва чунин пиндошт, ки он ханҷар на ба дили аждаҳо, балки ба дили ў зада мешуд.
Ба кохи сангине ворид шуд, ки он макони пазироии писари Доро Хашёршоҳ буд. Кох бар рўи сад сутуни сангӣ,
ки ҳар кадом 12 метр баландӣ дошта, дар даҳ қатор ҷойгир шуда буданд, пойдору устувор меистод. Дар нақшҳои назаррабои кох маросими таҷлили Наврўз ҳаккокӣ шуда буд. Подшоҳ бо ифтихор бар тахт менишаст ва дар рў ба рўяш аз ду оташдон гулхан фурўзон буд.
Шоҳ дар як даст гул, дар дасти дигар асои салтанатӣ мунтазири пазироӣ ва қабули туҳфаҳои Наврўзист.
Искандар ҳар қадар, ки бо Тахти Ҷамшед, бо меъмории беназир, бо тасвирҳо ва муҷассамаҳои пурҷило шинос мешуд, донишу хираду ақлу заковаташ дар баробари онҳо ва фарҳанги ориёӣ вожгун мегашт.

пешина
аз 601
навбатӣ