ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ў мепиндошт, ки ном ва шуҳрати оламгираш чун шишаи нозуку пурҷилоест, ки ба сутунҳои мармарини Тахти Ҷамшед бархўрда, пора-пора мешаванд.
Он ҳама шавкату шаҳомати давлати пуриқтидор ва нопайдоканораш дар баробари Тахти Ҷамшед ва шукўҳу ҷашни Наврўз лаҳза ба лаҳза ночизтар ва забунтар мегардид.
Искандари ташнаи шуҳрату давлату сарват бо хештан дар гуфтугў буд: «Оё меарзад, ки шоҳони Форс ва сарзамине, ки имрўз мутеи мост, шоистаи чунин пойтахт ва чунин кохҳои сар ба гардун бошанд? Магар лашкари Форс дар Юнон қасрҳову кўшкҳоро кам ба хок яксон карда буд? Ва оё фурсати интиқом фаро нарасидааст?»
Эҳсоси интиқом Искандари кинаҷўро аз хештан бегона месохт.
Ниҳоят, Искандар дар ҳолати мастию мағрурию нописандӣ ва оташи интиқом мудҳиштарин фармони худро дар таърих содир кард ва ба лашкари харобкораш рў оварду гуфт:
- Эй, лашкари ҷаҳонгиру фотеҳ! Оё подшоҳи сарзамине, ки имрўз зердасти мост, меарзад сазовори чунин пойтахте бошад?
- На, ҳаргиз! Ҳеҷ гоҳ! – баланд шуданд садоҳо.
- Пас вожгун бод қасри Доро! Маҳв бод Тахти Ҷамшеду Наврўзи ориёӣ! – мадҳушона наъра зад Искандар.
- Вожгун бод, нест бод, маҳв бод! – ҳазорон садоҳо ба фалак печиданд.
- Оташ! – фарёд зад Искандар. – Оташ! Пойтахти Дороро ба оташ кашед! Бигзор, дар рўи замин ному нишоне аз он боқӣ намонад! Оташ занед онро!
Забонаи оташ баланд шуд. Замин месўхт, пойтахти мармарини Доро аланга мезад, кохҳои муҷаллову сар ба само месўхтанд, нақшҳо ва пайкараҳо оташ мегирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё