Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Қасри дар ҷаҳон овозадори Доро ба анбўҳи бузурги хокистари сўзон табдил ёфт.
Оқибат, аз Тахти Ҷамшед 13 сутуни сўхтаву нимсўхта ба ёдгор монд.
Искандар пиндошт, ки сарзамини Форс ва ҷашни
Наврўзро маҳву нобуд ва аз сафҳаи рўзгор пок сохтааст.
Аммо пиндошти Искандар ботил гашт ва мақсади шумаш ҷомаи амал напўшид. Чун дар айёми ҷавонӣ аз олам даргузашт, давлати пуриқтидораш рў ба завол ниҳод, дар зери чархи гардун на Искандар монду на шукўҳи салтанаташ. Ва умуман, кам набуданд ҳокимони давру замон чун Искандар, ки нисбат ба Наврўзи ориёӣ хусумат меварзиданд ва мехостанд онро аз рўи Замин пок созанд. Онҳо ҳама ба як каф хоки сиёҳ табдил ёфтанд, аммо Наврўз фотеҳона сар ба осмон кашида, сайри таърихии худро давом медод. Кист он кас, ки қонунҳои азалии Кавну Макон ва Олами Сағиру Кабирро нодида бигирад? Ҳеҷ кас!
Дар ин иртибот ба ёд овардани суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон айни муддаост, ки мегўяд:
«Дар давраҳои минбаъда, аз ҷумла дар замони Каёниён, Сосониён ва Сомониён Наврўзи Аҷам ба худ мақоми умумимиллӣ касб карда, бо арзишҳои волояш ба муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод ва устувор намудани пояҳои давлатдории онҳо мусоидат намудааст. Наврўз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую армон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тўли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро аз газанди рўзгорон ҳифз кардааст».
Имрўз аз харобаҳо ва бозмондаҳои Тахти Ҷамшед,
Суғду Саразм, Балхи бостон ва аз Кайқубоду Тахти Сангин, Афросиёбу Варахша ва садҳо шаҳрҳои сўхтаву харобгардида садои мутантан ва дилошўби ҷашнҳои наврўзӣ, ки ниёгони мо бо шўру шавқ барпо мекарданд, ба гўш мерасанд ва чун занҷирҳои тиллоӣ моро бо гузаштаҳои басо дури таърихи аҷдодон ба таври ногусастанӣ мепайванданд.

пешина
аз 601
навбатӣ