Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Наврўз ба сайри таърихии хеш идома медод ва чун давлати тавонои Сосониён дар арсаи таърих падид омад, он аз нав бар тахти салтанат биншаст ва чун дар аҳди Курушу Доро нерўи тоза ва беандоза пайдо кард.
Ардашери Бобакон – поягузори давлати Сосониён ва
29 нафар шоҳзодагони дигар, ки сулолаи Сосониёнро 450 сол пойдору устувор нигоҳ доштаанд, Наврўзро чун ҷашни миллӣ баргузиданд.
Махсусан, дар аҳди Хусрави Парвиз Наврўз шаҳомат ва таровати беандоза пайдо кард. Ба ҷўшу наво оварандаи ҷашни Наврўз дар он даврон Борбади нағмапардоз буд.
Оварданд, ки Борбад ба хотири роҳ ёфтан ба дарбори Хусрави Парвиз зодгоҳаш шаҳри Марвро тарк намуда, сўи Тайсафун- пойтахти Сосониён рў меоварад. Аммо Саркаш
– сарвари аҳли ҳунари дарбор садди роҳи ў мегардад ва тамоми роҳҳои расидан ба дарбор ба рўяш баста мешаванд.
Чун Борбад дармеёбад, ки Хусрави Парвиз дар боғи хусравонӣ ба ифтихори Наврўз маҷлиси айшу тараб меорояд, бо ёрии боғбон Мардуй болои дарахте, ки ба нишастгоҳи шоҳ наздик буд, бо либосу сози сабз мебарояд ва баргузории тантанаҳои наврўзиро наззора менамояд.
Чун Хусрави Парвиз ба ифтихори Наврўзи фархунда ҷом мебардорад, ҳамон лаҳза Бобад бо овози булбулосои худ ба нағмарпардозӣ медарояд. Ҳама ангушти ҳайрат мегазанд ва гумон мекунанд, ки он садо аз само меояд.
Ҳар дафъа, ки ҷомҳо бардошта мешуданд, як суруди тоза танин меандохт ва шоҳаншоҳу аҳли базмро аз худ бехуд мекард.
Бо амри шоҳ тамоми гўшаву канори боғро ҷустуҷў мекунанд, овозхони асрорангезро наметавонанд пайдо намоянд.

пешина
аз 601
навбатӣ