ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Он гоҳ Хусрави Парвиз эълон менамояд, ки агар сарояндаи сурудҳои асроромез худро ошкор созад:
Даҳону бараш пур зи гавҳар кунам Бар ин рудсозон-ш меҳтар кунам.
Чун Борбад худро ошкор месозад, Хусрави Парвиз бо сарафрозию хушнудӣ ўро истиқбол менамояд ва базму тараби наврўзӣ боз ҳам пурҷўштар ва ғулғулаангезтар мегардад.
Борбад бо завқу илҳоми фурўзон навоҳои наврўзӣ месуруд ва оташи шавқу сурур дар дили Хусрави Парвиз забона мезад.
Оҳангҳои шўрангез ба дилҳо шарар меангехтанд ва ҳар боре, ки шоҳаншоҳ ба ваҷд меомад ва Борбадро «Зеҳ!»
мегуфт, ҳамон замон ба вай дурру гавҳари фаровон ва хилъатҳои заррин нисор мекарданд.
Ҳангоме ки Борбад ба даргоҳи Хусрави Парвиз роҳ ёфт ва шоҳи ромишгарон гардид, бист сол дошт.
Зери сарварии Борбад устодони номваре чун Саркашу Саркаб, Накисо, Озодвори Чангӣ, Гесуи Навогар, Бомшоду Ромитин маҳфилу базмҳои шоҳи сосониро ва бештар аз ҳама фарорасии соли наву Наврўзи фархундапайро васфу ситоиш мекарданд ва шуҳрати дарбори Хусрави Парвизро бар чор самти олам густариш медоданд.
Шоҳаншоҳи ромишгарони дарбори Хусрави Парвиз Борбади сеҳрофарин бо таснифоти хеш – ҳафт достони «Хусравонӣ», 30 лаҳни гуногунтаркиб ва 360 таронаи мухталиф дар тантанаҳои наврўзӣ устодонаву соҳирона ҳунарнамоӣ мекард. Даҳҳо оҳангҳояш бевосита бо Наврўз иртибот доштанд ва таронаҳое амсоли «Наврўз», «Наврўзи Аҷам», «Наврўзи бузург», «Наврўзи Сабо», «Нози Наврўз», «Боди Наврўз», «Гул», «Най бар сари баҳор», «Нўшинбод»
силсилаи Наврўзномаи Борбадро ғанитару рангинтар месохтанд. Ин силсилаи оҳангу таронаҳо бузургиву шаҳомат ва ҷовидонии Наврўзро бо тамоми зебоиву назокат васфу ситоиш мекарданд. Зеро дар аҳди Сосониён шукўҳмандтар ва дилнишинтар аз Наврўз ҷашни дигаре вуҷуд надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё