Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Суруду навоҳои Борбад аз фарҳанги бузурги ориёӣ, аз андешаҳои фанонопазири Зардушту таронаҳои авестоӣ, аз муқаддасоти заминиву кайҳонӣ шодоб гашта буданд. Ба андешаи соҳибназарон «Борбад устоди устодон ва муғании муғаниён буд» ва ба қавли Амир Хусрави Деҳлавӣ авҷи навоҳои Борбад то коинот танинандоз гашта, Зўҳраро ҳам ба рақс меовард:
Навои Борбад бар моҳ мешуд
Дили Зўҳра зи раҳ бероҳ мешуд.
Ба руд аз ҳар тарона об мерафт
Ба ҳар сў одамӣ дар хоб мерафт.
Навоҳо ва лаҳнҳои Борбад дар асру замонҳои вопас дар ҷавҳари оҳангу таронаҳои мардумони Машриқзамин ворид шуда, онҳоро рушди тозаву умри абад бахшидаанд.
Мактаби ҳунарии Борбад фарҳанги ориёиро ба зинаҳои баланди тараққиёт расонид.
Чун пас аз 200 соли салтанати Хилофат хуршеди давлати Сомониён дар саросари Мовароуннаҳру Хуросон тулўъ намуд ва истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангӣ пойдор гашт, ҷашни Наврўз чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро ва
Хусрави Парвизу Борбад аз нав мақоми давлатӣ касб кард ва эътибору шаҳоматаш борҳо афзун гашт.
Шўҳрат ва азамати давлати Сомониён ҷаҳони он замонро фаро гирифт ва бори аввал дар таърих «асри тиллоӣ» - и тоҷикон арзи ҳастӣ намуд. Дар он даврон фарҳанги миллӣ ва забони дарӣ - тоҷикӣ мисли чеҳраи пурфурўғи
Наврўз чаман – чаман шукуфтанд, тароват ва ҷилои тоза пайдо намуданд.
Файласуфи маъруф Акбари Турсон оид ба ин даврони файзбори таърихи мо ба ин мазмун изҳори андеша намудааст:
«Устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ – зода ва парвардаи ҳамин даврони ҳумоюнфар буданд, ки аз рўи хайру баракаташ фасли баҳори монавитабъро мемонд.

пешина
аз 601
навбатӣ