ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ончунон як баҳори пурфайзу пурамале, ки дар арзи он илму адабу ҳунари мардумони ориёинажод боғ – боғ шукуфта, бо накҳати анбаринаш ҳама оламро гирифта буд. Хуршеди ин фасли пурнуру пурбори таърих аввал дар осмони маънавии Хуросону Варорўд тулўъ кард, сипас ба домани Озарбойҷону Эрони кунунӣ дурру гуҳар кашид ва минбаъд сарзамини Ҳиндро шукўҳ дод».
Устод Рўдакӣ – пешвои маънавии давлати Сомониён ва шогирдону ҳамсафонаш бо забони ноби порсии дарӣ – тоҷикӣ ашъори наврўзӣ месуруданд ва маҳфилу базмҳоро шукўҳи хоса мебахшиданд.
Сафобахштарин макони баргузории ҷашни наврўзии шаҳриёрони Сомонӣ боғу бустонҳои хурраму шукуфон, ҷўйборҳои сероб ва обу ҳавои анбарафшони Ҷўи Мўлиён буд.
Нағмаҳои наврўзии Рўдакӣ дар Ҷўи Мулиён бо нағмаҳои мурғони чаман ҳамово мегашт:
Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед Сор аз дарахти сарв мар ўро шуда муҷиб.
Сулсул ба сарвбун – бар бо нағмаи куҳан Булбул ба шохи гул – бар бо лаҳнаки ғариб.
Соқӣ гузину бодаву май хўр ба бонги зер, К-аз кишт сор ноладу аз боғ андалиб.
Агар боди наврўзӣ ва насими анбарафшони субҳгоҳӣ бихоҳанд, ки оҳангеро замзама кунанд, беҳтар аз суруди Рўдакӣ навои дигареро наметавонанд пайдо намоянд.
Он саҳни чаман, ки аз дами дай Гуфтӣ дами гург ё паланг аст.
Акнун зи баҳори монавитабъ Пурнақшу нигор ҳамчу жанг аст.
Сарзамини нопайдоканори Сомониён ба ҷавлонгоҳи воқеии Наврўз табдил ёфт ва садои ғулғулафкани он бар фарози шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Чочу Марв, Хоразму Фарғона, Балху Ҳирот, Ғазнаву Тўс, Нишопуру Сиистон, Суғду Хуҷанд, Хатлону Бадахшон ва шаҳрҳои дигар баланд гардид ва дар атрофу акнофи кишвар танин андохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё