ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар Балхи бостон ба ифтихори Наврўзи зарринқабо аз замири қалби Робиа абёти баҳорӣ ба сони ҳазордастон садо медод:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.
Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст Ки гул ранги рухсораи Лайло гирифт.
Наврўзро дар Марви куҳан ашъори адибоне, ки аз ин сарзамин бархоста буданд, таровату шаҳомат мебахшид.
Мардуми Марв бо шеъри шевои Кисоӣ қудуми мубораки Наврўзу навбаҳорро дуруд мегуфтанд:
Боди сабо даромад, фирдавс гашт саҳро Ороста бўстонро найсон ба фарши дебо.
Омад насими сунбул бо мушку бо қаранфул В-оварда номаи гул боди сабо зи саҳбо.
Пас аз заволи давлати Сомониён низ азамати Наврўз коҳиш наёфт, вай пирўзмандона пеш мерафт ва аз чеҳраи пурнураш кошонаҳо равшан ва дилҳо мунаввар мегаштанд.
Ин ҷашни фархунда шукуҳмандонаву музаффарона аз канораҳои баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш ва аз кўҳсорони Қафқоз то халиҷи Форс доман густурда, дар дилу дидаи мардумон маъво мегирифт ва дар ин сарзаминҳои бекарон ашъори шоирони тоҷик боз ҳам шевотару дилангезтар баҳору Наврўзро тараннум мекарданд.
Нағмапардозиҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз Қунияи сарзамини Рум ба ҷонҳо ҳаловат мебахшид:
Омад баҳор, эй дўстон, манзил ба сарвистон кунем, То бахти дар рў хуфтаро чун тахти сарвистон кунем.
Аз Шероз садои Саъдӣ ба гўш мерасид, ки бўстонҳо ва гулистонҳоро ҳусну таровати тоза мебахшид ва ишқи инсонро ба табиат афзун менамуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё