ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Булбулон вақти гул омад, ки биноланд зи шавқ
На кам аз булбули мастӣ, ту бинол, эй ҳушёр.
Одамизода агар дар тараб ояд, чӣ аҷаб
Сарв дар боғ ба рақс омадаву беду чинор.
Аз Ҳиндустон нағмаҳои Амир Хусрав ба гўш мерасад, ки бо ғунчаи бишкуфтаву боди сабо рози дил мегўяд:
Гул ба тамошои суман меравад
Бод ба гулгашти чаман меравад.
Оина гаштаст зи акси суман
Об, ки дар зери суман меравад.
Дўш шунидам, ки ба ҳар маҷлисе
Аз даҳани ғунча сухан меравад.
Вақти баҳор омаду ҳангоми гул
Оҳ, ки ёр аз бари ман меравад.
Дар Ҳирот Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ Наврўзи гулбасар ва гулбадомонро дуруд мегуфт:
Мехиромад сўи бўстон шоҳиди раънои гул
Меравад оби равон, то сар ниҳад дар пои гул.
Тофт абр аз сим ришта, сўзан аз зар сохт меҳр
То сабо дўзад қабои лутф бар болои гул.
Салмони Соваҷӣ айёми тарабангези Наврўзро, ишқи шўрангези гулу булбулро бо шавқи хурўшон тараннум мекард:
Чаман аз булбулу гулбарг навое дорад,
Олам аз талъати Наврўз сафое дорад.
Бар сари пардаи гул пардасаро шуд булбул
Ростӣ, гул ба назар пардасароӣ дорад.
Садои ашъори наврўзии шоирони тоҷик дар ҳеҷ асру
замоне аз даврони Рўдакӣ то кунун ҳаргиз хомўш нашудааст ва он торафт баландтару гуворотар танинандоз гардида, Наврўзи Аҷамро бо тамоми олами зебоӣ ва қудрату шаҳоматаш васфу ситоиш менамояд.
Наврўз аз замони зуҳури тамаддуни ориёӣ, аз даврони
Зардушту “Авесто” то кунун тавоннистааст ҳазор андар ҳазор монеаву шиканҷаҳо, ситамкориҳою беадолатиҳо ва зулму бедодро сипарӣ намояд, аммо дар ҳеҷ давру замоне сар ба таслим фуруд наёвардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё