ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Зеро вай реша ба умқи Замину сар ба сўи Коиноти бекарон афрохтааст.
Наврўз аст, ки руҳу ҷони инсонро ба ҷунбиш меоварад, мардумро ба сайри гулшану саҳро мебарад, зебоӣ ва саховати табиатро дар замири дилҳо ҷойгузин месозад, ишқро ба ҳаёт, ба зиндагӣ, ба Замин-Модар, ба олами ҳастӣ, ба ёру диёр афзун мегардонад.
Хоҷа Ҳофиз бо каломи малакутии хеш мардумонро ҳушдор медиҳад, ки «Ҳон, бархезед, ба гулшану боғу бўстон рў оваред ва аз ҷамоли оламорои Наврўз чароғи дилро фурўзон нигаҳ доред!»
Зи кўи ёр меояд насими боди наврўзӣ, Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрўзӣ.
Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти майи лаъл аст, Ки зад бар чархи фирўза сафои бахти фирўзӣ.
Баробари ба истиқлолияти давлатӣ ноил шудани Тоҷикистон Наврўз аз сари нав бузургиву шаҳомат, зебу зинат, ҳусну ҷамоли беандоза ва ҷавонии ҷовидонӣ дарёфт.
Наврўз яке аз шоҳсутунҳои тиллоии кохи давлат ва истиқлолият гардид ва бо рўҳи зиндагисоз, эҳсоси ватандўстӣ, посдории суннатҳои миллӣ, бо ифтихори таърихӣ ва хештаншиносии тўдаҳои мардум пайванди ногусастанӣ пайдо кард. Наврўз мунодии сулҳу субот, дўстиву рафоқат, ҳамраъйиву ҳамдилии халқҳо эътироф гашта, ба неруи ҳидоятгар ба сўи рўзгори орому осуда ва ҳаёти гулгулшукуфон табдил ёфт.
Шоирони даврони истиқлолият чун дар аҳди Оли Сомон бо забони ширин ва нобу шевои дарӣ - тоҷикӣ Наврўзро бо тобишу ҷилоҳои гавҳаросояш васфу ситоиш менамоянд. Дар тасвири онҳо Наврўз айёми саодатбахшест, ки бо сарсабзиҳо ва гулафшониҳо дилҳоро пурнур ва ба хурўш оварда, орзуву ормон, мақсадҳои наҷибу олӣ ва пиндору гуфтор ва рафтори некро дар замири мардум шўълавар месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё