Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Шоири мумтоз Лоиқ Шералӣ дар васфи Наврўзу баҳори оламоро бо шурў шавқ нағмасароӣ мекунад:
Эй ҷамоли баҳру бар шод омадӣ,
Эй баҳори сабзу тар шод омадӣ.
Дар дилам кардӣ назар бо чашми гул,
Гулҷамолу гулназар шод омадӣ.
Наврўзи даврони Истиқлолият бо файзу баракати хеш хуршеди меҳру муҳаббат, дўстиву садоқат ва сулҳу суботро нурафшон мегардонад. Наврўз баёнгари ифтихори таърихӣ, симои сиришти маънавӣ, орзую ормон ва дўстиву рафоқат миёни мардумон гардид. Наврўз ба оинаи пурҷилое табдил ёфт, ки дар он чеҳраҳои шоду хуррам, бахту иқболи баланд ва рўзгори фирўзи ҳар як сокини Тоҷикистон равшану дурахшон таҷассум ёфтааст. Наврўз аз мавҷи хурсандӣ, шодию нишот, шўру шавқ ва хандаҳои дилангези кўдакону ҷавонон ва куҳансолон шукўҳи тоза ёфта, барнотар, дилангезтар ва нерўманду тавоно мегардад.
Наврўз анвори дурахшон ва заррини хуршеди истиқлолият аст, ки роҳи Тоҷикистони озоду соҳибиқболро ба сўи пешрафту тараққиёт ва ояндаи тобону дурахшон мунаввар месозад. Дар айёми тантанаҳо ва ғулғулаҳои ҷашни Наврўз гулбонге бар фарози сарзамини хуршедсимои мо ба наво меояд:
Олам ҳама хандон шуд, Наврўз муборак бод!
Лабҳо шакаристон шуд, Наврўз муборак бод!
Шамси саҳарӣ хандон, шоми қамарӣ хандон,
Абр омаду борон шуд, Наврўз муборак бод!
20 марти соли 2018, №12 (1148) Мақола дар ҳаммуаллифӣ бо
Қудратов Раҷабалӣ навишта шудааст

пешина
аз 601
навбатӣ