Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

МАКТАБИ ОДАМИЯТ

Бисту ҳафт сол аз талошу мубориза, иқдомиҳои созандаву бунёдкорона сипарӣ мегардад, ки Ватани азизу маҳбубамон –Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолият, ки асли соҳибихтиёрии давлат ва рамзи хушбахтиву саодати мардуми тоҷик аст, шарафёб шуд. Инак, бисту ҳафт баҳор аст, ки дарахти тановари истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва дар авҷи нашъунамост.
Бояд ба як воқеияти таърихӣ эътироф кард, ки шаклгирӣ ва таҳкими истиқлолияти кишварамон бо фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад. Бешак, истиқлолияти давлатӣ роҳи таърихии давлати моро дар самти ҷомеаи демократӣ, эътирофи сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян кард.
Барои расидан ба ин рўзҳои хушу босаодат дар оғози истиқлолият кишвари моро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Солҳои ниҳоят сангину фоҷиабор ба сари миллати тоҷик омад. Алангаи оташи хонумонсўзи ҷанг домани сарсабзи кишвари ободи моро месўхт, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор ҷавонмардон шаҳид гаштанд, ҳазорон хонаҳо валангор, садҳо оила бесарпаноҳ, кўдакони зиёд ятиму бепадар ва ҳудуди як миллион нафар фирорӣ шуданд. Касе умед надошт, ки рўзе дар Тоҷикистон ба ҷои садои тиру туфанг боз садои хандаи тифлони маъсум ба гўш мерасад, ҷароҳатҳои ҷонкоҳи пайкари ба хун оғуштаи Ватан боз ба ҳам меоянд. Ин ҳолати даҳшатборро дар авҷи хунрезиҳои бародаркуш яке аз шоирони маъруфи вақт чунин ба риштаи тасвир кашида буд:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?...

пешина
аз 601
навбатӣ