Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Гузашта аз ин Пешвои миллат дар сатҳи сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалию минтақавӣ пайваста кўшиш менамоянд, ки аз зовияи диди инсонпарварона бо дарназардошти манфиати халқу миллатҳои дигар низ тасмим бигиранд. Дар амалӣ намудани пружаҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, ба хусус тарҳҳое, ки ба истифодаи мунсифонаи об иртибот дошта, дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз масоили доғ маҳсуб мешавад, манфиатҳои кишварҳои ҳамҷавор ҳамеша ба назар гирифта мешавад. Ҳамин хислатҳои беназири Пешвои миллати мо боиси он гардид, ки масоили баҳсталаби минтақа бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро ар обит имрўз натиҷаи ҳамин сиёсати хирадмандона аст, ки ҷумҳурии мо бо кишварҳои ҳамсоя муносибатҳои мутақобилан судманд дошта, бо вуҷуди баъзе пешгўиҳои коршиносони хориҷӣ ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта бо роҳи осоишта комёб мегардад.
Ҳисси хайрхоҳӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои бунёдии миллатҳои дигар имрўз боиси он гардидааст, ки номи Сарвари давлати мо дар дигар кишварҳои минтақа низ бо эҳтиром ва муҳаббати хосса ёд мешавад. Дар сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде қабл, бори нахуст ба Ҷумҳурии бародарии Ўзбекистон сурат гирифт, Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми супоридани яке аз орденҳои арзишманди кишвараш «Эҳтироми халқу ватан» («Эл юрт ҳурматӣ») хизматҳои арзишманди Роҳбари давлати тоҷиконро таъкид намуда, махсус зикр кард, ки маҳз пуртоқативу дурандешии Эмомалӣ Раҳмон заминаи устуворе барои дар сатҳи нав роҳандозӣ намудани муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсоя ва дўст, барқарор гардидани муносибатҳои таърихии ин ду миллати бародарро фароҳам овард.

пешина
аз 601
навбатӣ