Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба қавли маъруф, Президенти мо – Эмомалӣ Раҳмон аз миёни мардум баромадааст. Ман дар ин хусус, чанд сол пеш дар мақолаи «Президенти мардумӣ» изҳори назар намуда будам. Танҳо ин ҷо ба нуктае ишора хоҳам кард, ки ин шахсияти бузург дар баробари роҳбари оқилу дар робита ботаҷрибаву солор будан, инчунин одилу адолатпеша низ ҳастанд. Инро ман, ки солҳои зиёд ба ҳайси Ёвари Президент, Мудири Котиботи Президент, Мушовири давлатии Президент оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ дар робита бо ҷомеа, дар айни ҳол Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кор карда истодаам, шинохтаам ва худро аз шогирдони содиқи мактаби бузурги сиёсӣ, давлатдорӣ ва одамияти Эмомалӣ Раҳмон медонам.
Душанбе, сентябр с. 2018
БАХТИЁР ҲАМДАМОВ
ТАРҶУМАИ ҲОЛИ МУАЛЛИФ

Ҳамдамов Бахтиёр Ортиқович, адабиётшинос ва рўзноманигор, номзади илмҳои филология, сармуҳаррири “Минбари халқ” Ҳамдамов Бахтиёр 2-юми январи соли 1968 дар деҳаи Сўфӣ-Орифи шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро хатм кардааст. Солҳои 1987-1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хидмат кардааст. Аз соли 1992 то соли 1993 ба ҳайси сармутахассиси Бунёди забони тоҷикӣ дар вилояти Суғд фаъолият бурдааст. Аз соли 1993 то соли 1996 дар аспирантураи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил карда, соли 1997 рисолаи номзадиро таҳти унвони “Падидаҳои маънавӣ ва ҳунарӣ дар ашъори Бедил” дифоъ кард.
Солҳои 1997 то соли 2002 ба ҳайси устоди кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷики ДДХ, сармутахассиси Идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҳамзамон мухбири махсуси ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» фаъолият намудааст. Солҳои 2002- 2006 сармутахассиси шўъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ҳамоҳангсози Комиссияи миллии ҳифзи ҳуқуқи кўдак кор карда, солҳои 2006-2008 дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

пешина
аз 601
навбатӣ