Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз соли 2008 инҷониб сармуҳаррири нашрияи марказии ҲХДТ, ҳафтаномаи «Минбари халқ».
Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Муаллифи силсилаи мақолаҳо ва китобҳои илмиву публисистӣ мебошад.
АХЛОҚИ БАШАРИЯТ РАФТОРИ
ГАЛАИ ГУРГОНРО МЕМОНАД ва ё бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ чӣ пайомаде дорад?

Баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ тоза ба файзи истиқлол расида, бо шитоб барои ҳарчи тезтар ворастан аз мероси даврони карахтӣ, ки бо иқтисоди мутамарказ ва нақшавиаш маъруф буд ва нусхабардориву пайгирӣ аз иқтисоди озоди бозаргонӣ, ки хоси ҷаҳони Ғарб буд, кўшиш ба харҷ доданд. Дар ин ҷода баъзе ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ тавонистанд иқтисоди худро оҷилан ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамоҳанг созанд, вале қисми дигар аз мероси шўравӣ хеле ба душворӣ дил меканданд.
Коршиносони ҷаҳонӣ сармоя низ бо мақсади омўзондан фавҷ-фавҷ ба кишварҳои аз назарашон боқимонда ташриф меоварданд ва дар бахши раҳоӣ аз фақр ва рушди иқтисодиёт «дарси адаб» медоданд. Кормандони соҳаи бонкдориро барои таҳсили ба Амрикову Аврупо ва Ҷопон даъват менамуданд, то тарзи кори олами мутамаддинро омўзанд ва дар ин бахш аз банди нодониву ҷаҳолат раҳо ёбанд.
Кишвари мо низ гўё дар низоми бонкдорӣ дар радифи давлатҳои ақибмонда қарор мегирифт. Коршиносони хориҷиву дохилӣ аз минбарҳои баланд бо исрор даъво мекарданд, ки чаро мо мисли кишварҳои назди Балтик, Русия ва Қазоқистон нестем? Чаро то ҳол фаъолияти бонкҳои худро бо низоми Бонки умумиҷаҳонӣ ҳамоҳанг накардаем?
Вале бўҳрони молиявии умумиҷаҳонӣ, ки чанде қабл аз бузургтарин ва доротарин бонкҳои ҷаҳонӣ сар зад, алорағми пешгўиҳои мутахассисони варзида ва калламағзони соҳаи бонкдорӣ собит намуд, ки устувории сохти бозаргонӣ шикастпазир буда, ҳанўз аз «идеал» хеле дур аст.
Хайрият, ки мутахассисони «ақибмонда»-и мо ба иллати доноӣ ва ё нодонӣ фаъолияти бонкҳои ватаниро бо низоми бонкдории ҷаҳонӣ то андозае ҳамоҳанг накарда будаанд.

пешина
аз 601
навбатӣ