Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вагарна ин бўҳрони шадиде, ки ҳамаи садду сарҳадро шикаста, ба сари миллатҳову халқҳо бо шиддати даҳшатбор фурў рехт, билкул мардуми моро ба коми муфлисӣ мекашид.
Баъд аз сар задани бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ дигар назари коршиносон низ тағйир ёфт. Варзидатарин мутахассисони соҳа ва ҳатто сарони кишварҳои абарқудрат эътироф намуданд, ки дигар ин раванд таҳти контрол қарор надорад. Онҳо оҷизона умедворанд, ки ин бало таври ногаҳонӣ хурўҷ кард, шояд ҳамин гуна якбора аз байн равад.
Вале дар ин росто баъзе коршиносони шинохта таҳлилҳои хеле амиқ ва ҷолибро баён мекунанд, ки навиштаҳояшон қобили таваҷҷуҳ ҳаст. Фаразан коршиноси рус Борис Туманов омили асоси сар задани бўҳронро аз фосиқ гардидани ахлоқи ҷомеа медонад. Ў дар ин замина мегўяд:
«Масоҳати буҳрони молиявии ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки на танҳо оид ба наҷоти иқтисоди миллии кишварҳои ҷаҳон, балки доир ба раҳо намудани инсоният аз чанголи ин бўҳрони паиҳам хурўҷкунанда андеша ронем».
Ва гуфтаҳои худро бо суханони Томас Ҷеферсон тақвият мебахшад:
«Ман фикр мекунам, ки нисбат ба артишҳои омода ба ҷанг муассисаҳои бонкӣ дар баробари озодии мо бештар хатарноктаранд. Агар халқи Амрико ягон вақт имкон бидиҳад, ки бонкҳои хусусӣ маблағҳои эшонро таҳти назорат гиранд, бонкҳо бо муассисаҳои маблағгузорӣ, ки бо мусоидати онҳо рушд хоҳанд кард, фурсате мерасад тавассути таварруми сунъӣ (инфлятсия) эшонро аз моликияташон маҳрум месозанд ва рўзе фарзандони бе хонаву дар мондаи эшон дар замини холие бедор мешаванд, ки волидайнашон як вақтҳо онро бо заҳмати зиёд тасхир намуда буданд».

пешина
аз 601
навбатӣ