ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар замони мо, ки бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ тақрибан ин ҳушдорро тасдиқ менамояд боварии кас намеояд, ки ин андешаи пайғамбарона соли 1802, яъне зиёда аз ду қарн пештар гуфта шудааст. На аз ҷониби як мутахассиси варзидаи соҳаи иқтисод, балки аз ҷониби як шахсияти музофотӣ, ки баъдтар президенти ИМА интихоб мешавад.
Томас Ҷеферсон бешубҳа шахсияти донишманд буд, ўро ҳамчун файласуф, кишоварз, меъмор ва ҳатто ихтирокор эътироф намуданд. Вале таъкиди ў оид ба хатарнок будани сохтори бонкӣ на аз дониши амиқи иқтисодии ў сарчашма мегирад, балки натиҷаи таҷрибаи воқеии ў ва сатҳи соҳибмулки плантатсия дар Вирҷиния буд, ки пайваста бо бонкҳо сарукор мегирифт. Ба иттилои дигар, зодаи тафаккури солимаш буд.
Таърихи иқтисодии Амрико ва минбаъд тамоми ҷаҳон, чандин маротиба, аз ҷумла ҳангоми сарзании бўҳрони молиявии охирин дуруст будани пешгўии Ҷеферсонро тасдиқ намуданд, вале ин ҳушдор аз ҷониби одамон комилан фаромўш гардида буд.
Бахшида ба ин силсилаҳои бўҳронҳои молиявӣ дигар ба устуворӣ ва мустаҳкам будани «иқтисоди бозорӣ» эътибор намедод, балки ўро танҳо баъд аз инқилоби навбатӣ хусусияти боз «аз хокистар эҳё шудани» иқтисодиёт ва истифодаи минбаъдаи ин низом мутаваҷҷеҳ менамуд. Бо мурури замон дар афкори одамоне, ки бо ин ҷараён бо сабаби иртибот доштан иқтисоди бозории рўз то рўз печидаву чигилгашта ба як механизми мустақил ва соҳибихтиёри дур аз воқеият, аз ҷумла талаботи башарият табдил ёфт.
Тақрибан ним қарн қабл аз ин, соли 1962 ин феноменро бисёр мушаххас вале ба таври комил фантазиянависи амрикоӣ Клиффорд Саймак дар асари «Қариб мисли инсон» ба қалам овард. Ин қисса дар бораи он аст, ки одамони дигар сайёра қонунҳои иқтисодиву тиҷоратии заминро кўр-кўрона риоя намуда, қариб буд ки тамоми инсониятро аз хонаву дар маҳрум кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё