ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Аҷиб ин ки ба қавли нависанда ин амалро аҷнабиён на аз рўи инсонбадбинӣ, балки танҳо тиҷорат, ки аз одамон омўхта буданд, анҷом медиҳанд.
Андешаҳои худро доир ба ин масъала Саймак аз забони соҳиби пиронсоли мағоза, намояндаи яке аз сулолаҳои қадимии тиҷорати кишварҳои ғарб изҳор намуд:
«Дар замони мо одамон фаромўш кардаанд, ки муносибати хуб чист. Фаромўш кардаанд, ки меҳрубонӣ ва эҳтиром кадом аст. Дар бораи наздикони худ бо назари хайрхоҳона фикр карданро низ аз ёд бурдаанд. Ҷаҳони муосир комилан ба майдони амалиётимуҳосибӣ табдил ёфт, ки аз ҷониби мошинҳо ва ё худи одамони тафаккургумкардаи мисли мошин, анҷом дода мешавад. Дар ҷаҳон дигар арзишҳои муқаддаси аз қабили шараф, боварӣ, эътимод намонда ва фарҳанги он ба хўю атвори галаи гургон шабоҳат дорад».
Дарҳол пай бурдан мумкин аст, ки мўйсафеди савдогар дар радифи суханони Маркс дар мавриди «ғайриинсонӣ будани капитализм» чизи наве нагуфтааст. Ҳамин матлабро аллома Муҳаммад Иқбол, ки чанд сол дар олами ғарб таҳсил намуда, бо чеҳраи воқеии капитализм аз наздик ошно буд, бо лаҳни возеҳтару хубтар адо кардааст:
Роздонӣ ҷузву кул аз хеш номаҳрам шудаст,
Одам аз сармоядорӣ қотили одам шудаст.
Вале моҳияти матлаб на дар он аст, ки ин ҳақиқати талх нахуст аз забони кӣ садо додааст ва ҳамчунин на дар он аст, ки бо инқирози навбатии «шайтони бузург», ИМА тамасхур кунем ва балки сари он андеша кунем, ки оё инсоният қодир аст ба ҷои ин сохти шикастпазири бозорӣ низоми дигареро эҷод кунад.
Маркс ба хотири ҷамъ ҷаҳонро тарк намуд, ки ба ў муяссар гардид формулаи воқеии ҷамъияти олиро таҳия намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё