ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Яъне, дар ҳоли муайяни нерўи истеҳсоли коммунизм фаро мерасад – аз ҳар кас мувофиқи истеъдодаш, ба ҳар кас мувофиқи талаботаш. Вале мутаассифона, рафиқ Маркс як чизро ба назар нагирифт, ки талаботи инсонӣ дар итоати нафси ўст ва инсон ҳеҷ гоҳ, ҳатто бо ҳамаи ин, ки соҳиби ҳавопаймову киштӣ, чанд сабукравҳои гаронарзиш ва истироҳатгоҳҳо дар ҷазираи Ямайка аст қаноат нахоҳад кард. Пешвои пролетарҳои ҷаҳон ҳатто фикр ҳам намекард, ки рушди нерўҳои истеҳсолӣ ва дар радифи он технологияҳои нави дар замони ў ҳатто шабаҳаш вуҷуд надошта, баръакс, ба фосиқ гардидани ахлоқи инсонӣ мусоидат хоҳад кард.
Туманов доир ба ҳолати кунунии ҷомеаи Амрико мегўяд: «воқеан ҳам, агар амиқтар назар афканем мувофиқи таълимоти асосгузори коммунизми илми ИМА даҳсолаҳои охир дар ҳақиқат рушди неруҳои истеҳсолии худро ба сатҳи зарурӣ расонид. Гузашта аз ин, шаҳрвандони Амрико тақрибан дар ҷамъияти коммунистӣ зиндагонӣ мекарданд. Мисли он ки ҷамъият аз ҳар кас мувофиқи истеъдодаш талаб менамуд ва ба ҳар кас мувофиқи талаботаш медод. Ҳатто бекорхўҷаҳои «ҷовидонаи» амрикоӣ низ аз ин баракат бенасиб намонданд. Натиҷаи ин формула ҳамон аст, ки имрўз дар вазъи молиявии ҷаҳонӣ мебинем». Яъне, бори дигар ҳушдории Ҷеферсон, ки дар боло зикраш рафт, комилан тасдиқ гардид.
Аз ҳама аҷибаш ин ки солҳои охир бонкҳои Амрико низ рафтори одамонро такрор мекарданд. Кўшиш менамуданд, ки даромади худро афзоиш диҳанд, яъне талаботи худро зиёд кунанд. Онҳо низ ўҳдадориҳоеро ба зимма мегирифтанд, ки аз имконоти воқеии молиявиашон бештар буд.
Ҳамин моҷаро дар Аврупо ва дигар кишварҳои мутарақии ҷаҳон низ ба назар мерасанд, вале танҳо шиддати он заифтар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё