Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Албатта, сабаби камшиддаттар будани бўҳрони молиявӣ дар Аврупо таълимоти динии халқҳои он нест, ки ҳисси қаноат ва шикастанафсиро талқин менамояд, вагарна Амрикоро низ «протестантҳои англо-саксонӣ» бунёд гузошта буданд ё ин ки муфлисшавии бонкҳои кишварҳои мусалмон низ далели ба дину оин иртибот надоштани бўҳрон аст. Фарқ танҳо дар ҳаҷм ва иқтидори иқтисодии ин давлатҳост, ки вобаста ба он бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ таъсири мухталиф мерасонад.
Масоҳати бўҳрони феълии ҷаҳонӣ на танҳо бесобиқа аст, балки хатари баъд аз оромии нисбӣ таҳдиди дубора ва бошиддати бештар хурўҷ карданро дорад. Шояд фурсати он расидааст, ки мо на дар мавриди наҷот додани иқтисодҳои миллӣ, балки дар хусуси наҷоти инсоният аз чунин ҳолатҳои ваҳшатзо андеша ронем.
Вале …
Мутаассифона, ҷаҳони имрўза, ки ба мамлакатҳои доро ва нодор тақсим шудааст, бо даъвии бузургманишию яккаҳукмронии баъзе кишварҳо, таҳаммулнопазирии динӣ ва нажодӣ, фосиқ гардидани ахлоқи миллатҳои алоҳида қодир нест, ки як футувати ягонаи умумиинсониро қабул намояд. Ба хусус вақте ки кишварҳои мутараққии ҷаҳон ва ба истилоҳе «дорои ҷомеаи намунаи ибрат» ба шиддат гирифтани бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, ба тақсимоти геополитикии марзҳои мисли Фаластину Ғазза, Афғонистону Ироқ ва Қафқозу Баҳри Кариб машғуланд, эътимод бастан ба наҷоти инсоният аз ин бўҳрон, ки тамоми башарияту ба коми муфлисиву гуруснагӣ мекашад, афсонае беш нест.
Душанбе, ноябри с.2009

пешина
аз 601
навбатӣ