ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
МО ОМОДАИ МУЗОКИРАЕМ,
АГАР БО ШЕВАИ ТАҲҚИР ҲАРФ НАЗАНАНД
ё чаро дар Русия баҳси ҳуқуқиро ба моҷарои сиёсӣ мекашанд?
Чанде қабл қазияи ду сарнишини ҳавопаймои АН-72, ки яке табааи Эстония ва дигаре Русия мебошад, дар ВАО сару садои зиёдеро барпо кард. Ростӣ, камина пеш аз он, ки чизе гўям ва ё нависам, каме таҳаммул кардам, то нахуст андешаву афкори ҷониби Русия ва «коршиносон»-и ватаниро, ки дар ҳама ҳолат шарҳашон «омода» аст, қазоват кунам.
Чун дарк карда будам, ки дар ин ҳодиса сиёсат ба ақли солим ғолиб омадааст ва мақомоти мухталифи Русия бештар аз сари эҳсос кор мегиранд ва мо низ маҷбурем, ки дар ҳамин оҳанг баҳс кунем…
Мехоҳам, ибтидои суҳбат ин нуктаро низ таъкид кунам, ки ҳаргиз ҷонибдори халалёбии равобити дўстонаи Тоҷикистону Русия нестам ва хушбин ҳам ҳастам, ки ҳароина ин моҷаро дар доираи инсофу адл ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Аммо… мехостам чанд бардошти худро аз ин моҷаро рўи қоғаз орам, ки хеле шигифтангез аст ва ҳеҷ як шаҳрвандро, ки барояш тақдири миллат арзиш дорад, бетараф гузошта наметавонад…
Агар дар маҷмуъ таҳлил кунем, нахуствокуниши баъзе қувваҳои Русия сари баҳс ин буд, ки чи гуна кишвари кўчаке мисли Тоҷикистон ҷуръат намуд, ки сарнишинони русро ҳабс кунад ва ин амалро мисли торсакие ба рўи Русия маънидод карданд. Баъд аз шўру ғавғои чанд ҳизбу ҳаракати миллатгаро, ки ҳар интихобот бо роҳи ба эҳсоси мардуми рус нохун задан овоз мегиранд, мақомоти расмии Русия низ аз ин лаҳни дурушт пайгирӣ кард.
Онҳо ҳатто таҳқиқ кардан нахостанд, ки шаҳрвандашон дар ин қазия гунаҳкор аст ё хайр... Оё роҳҳои дигари таъсиррасонӣ, ба ҷуз вокуниши дағал ва аз доираи одоби дипломатӣ берун дар ҳалли ин мушкилот вуҷуд дорад ё не?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё