ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Муҳоҷирони кории тоҷик, ки чанде қабл ба қавли Директори Хадамоти федеролии мигратсионии Русия ҷаноби Рамадановский аз оромтабиаттарин ва шикастанафстарин маҳсуб мешуданд, баъд аз мулоқоти ў бо Призедент Дмитрий Медведев дар як лаҳза ба ҷиноятпешаву қонуншикан табдил ёфтанд. Ҳамин ишора кофӣ буд, ки ҳазорон нафар муҳоҷирони бегуноҳи тоҷик, ки бо музди ночиз барои ободиву рушди Русия саҳм мегиранд, мавриди таъқибу таҳқир қарор гиранд ва оддитарин ҳуқуқи башарии эшон помол гардад. Баъдтар тавре, ки дар сиёсати Русия ба ҳукми анъана даромадааст, ду мақомоти зоҳиран иқтисодию иҷтимоӣ, вале дар ҳоли зарурат «сиёсӣ», «Росселхознадзор» ва «Роспотребнадзор» халқи тоҷикро гирифтори бемориҳои сироятӣ ва маҳсулоти кишоварзии онро заҳролуд ҳукм намуда, бо таҳримҳои сангин таҳдид карданд.
Пўшида нест, ки имрўз барои Русия гоҳо бо оҳанги таҳдид ва лаҳни дурушт бо ҳамсоягону шарикони стратегии худ муносибат кардан ба ҳукми анъана даромадааст ва ин тундравиро ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Белорусия ва Украина ба хубӣ эҳсос намудаанд. Вале рўшод бояд иқрор шавем, ки дар мавриди Тоҷикистон оҳанги таҳдид ба зудӣ ба лаҳни таҳқир табдил ёфт. Вагарна ашхоси беандешае мисли Рогозин ва Онищенко, ки вазифаҳои масъули давлатиро ба зимма доранд, кай ҷуръат менамуданд халқеро, ки фарзандонаш барои аз асорати юғи фашистӣ озод намудани Русия хун рехта буданд чун ҷиноятпеша, гирифтори бемории СПИД-у сил муттаҳам кунанд ва ба миллате, ки бо таърих, фарҳанг ва адабиёти худ ба рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштааст, таҳқирро раво бинанд? Метарсам, ки паёмади ин андешаронии касиф дар сатҳи боло, нохуш хоҳад буд ва тоссарҳову неофашистони рус онро ҳамчун ишора ба ҳамла қабул хоҳанд кард..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё