Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Хушбахтона, дар Русия на ҳама мисли Рогозину Онишенкои девонаавзо суханҳои ҳарза мегўянд ва баъд аз шўру мағали бепоя, ки рўзҳои аввали ин ҳодиса сурат гирифт, сиёсатмадорони соҳибандешае мисли Константин Затулин (муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ ва равобит бо ҳамватанон) мавқеи худро доир ба ин қазия рўшан карданд. Ҷаноби Затулин тасмими Русияро дар ҳалли ин қазия ғайри қобили қабул ва ғалат хонда, изҳор кард, ки ин тарзи вокуниш нодуруст аст ва ҳукумат масъулияти онро бояд ба дўш бигирад.
Вале бештар барои ман муҷиби ҳайрат ин буд, ки дар
Тоҷикистон низ чанд нафар аз «сиёсатмадорони варзида»
ва «ҳомиёни» дину диёнати миллӣ бидуни таҳқиқу санҷиши бояду шояди ин қазия, даъват ба амал оварданд, ки сарнишинони ҳавопаймо фавран озод карда шаванд, то бо Русия, ки кишвари абарқудрату «ризқдиҳанда»-и мост, муносибатҳо сард нагардад. (Манзури ман ин ҷо он гурўҳҳое нест, ки воқеан ҷонибдори ҳалли ин қазия бо роҳи дипломатӣ ва мусолиҳатомез аст.) Пас аз шунидани ин навъ изҳорот ҳамин андеша маро ранҷ медиҳад… Оё ин муросокорони мешсифат, ки бидуни таҳқиқу таҳлили амиқи моҷарои сарзада ба гуноҳи Тоҷикистон қоил шуданд, дидаву дониста ба дасти Рогозину Онишенко барин миллатгароёни рус об намерезанд? Ё онҳо хабар надоранд, ки ҳоли муҳоҷирони мо то сар задани ин ҳодиса низ хуб набуду хуни садҳо ҷавонмардони нокоми тоҷик бар гардани ҳамин «соҳибмиллатони бузургманиш» аст ва муросо бо эшон ҳеҷ маънӣ надорад, чун ҳатто бо шеваи дипломатӣ ҳарф заданро бо кишвари мо барои худ таҳқир меҳисобанд. Аз ҳама аламовараш ин аст, ки чаро вақте дар Русия ҳазорон нафар ҷавонони тоҷик бегуноҳ маҳкум мешаванд, аз ҷониби ин қабил «ватандорон»
на танҳо даъват ба озодии онҳо, ҳатто изҳори ҳамдардӣ ба гўш намерасад?
Таи чанд рўзи охир аз расонаҳои хабарии худи Русия маълум шуд, ки ҳавопаймоҳои АН-72 дар Тоҷикистон боздоштшуда, бо сабаби таъмир нашуданашон кайҳо аз феҳристи парвози аксари кишварҳои минтақа бароварда шудаанд, ҳуҷҷат надоранд ва ширкати корфармои онҳо низ аз фурудгоҳҳои баъзе кишварҳо маблағи зиёд қарздоранд.

пешина
аз 601
навбатӣ