ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Аслан ин ду ҳавопаймо ба Федератсияи Русия ҳеҷ иртибот надошта, ба ширкати «Rolkan», ки дар минтақаи афшории ҷазираи Вирҷини сабти ном шудааст, мутааллиқ аст ва аз ҷониби як ширкати Дубай ба иҷора гирифта шудааст. Гузашта аз ин, то ҳанўз дақиқан маълум нест, ки кадом хизматрасониро анҷом медиҳад, магар ба ҷуз ин, ки ба таври шубҳаангез хатти парвозашон дар доираи кишварҳои вазъашон ноором мисли Конго ва Афғонистон маҳдуд аст.
Шояд «оташангезони» русу «равғанрезони» тоҷик нахуст сари ин масъала андеша мекарданд, ки то кадом андоза боздошти ҳавопаймоҳо ва ҳабси сарнишинони он дар доираи қонун сурат гирифтааст ва баъд сару садо баланд мекарданд, то дар поёни кор шармсор нашаванд.
Русҳо мақоли аҷибе доранд: «насильно мил не будешь», яъне «бо зўрӣ азиз намешавӣ». Пас биёед, танҳо дар ҳамон ҳолат аз дўстиву бародарӣ сухан гўем, ки бо мо бо забони дўстиву рафоқат ҳарф зананд, на таҳдиду таҳқир..., вагарна, баҳси мо ҳамон ҳикояти «Гург ва барра»-и (Волк и ягненок) нависандаи классики рус И.А. Криловро мемонад, ки аздусар бори гуноҳ ба дўши барраи бечора меафтад. Барои он, ки бо мо ҳамчун бо барра муносибат накунанд, бояд тасмими худро ҷиддӣ бигирем. Муттаҳид бошем ва аз шарри парокандагӣ, ки як маротиба моро ба вартаи ҷанги бародаркуш афканд, истизҳор кунем. Истиқлолияти миллӣ барои мо муқаддас аст ва барои соҳиб шудан ба он хуни ҳазорон ҷавонмардон рехтааст. Мо ҳуқуқ надорем, ки онро бо чӣ қимате набошад, аз даст бидиҳем, вагарна насли оянда ҳеҷ гоҳ моро нахоҳад бахшид.
Душанбе, ноябри с. 2011

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё