ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Р а ҳ о в а р д
ДАРДЕСТ МАРО БА ДИЛ,
КИ ДАРДИ ВАТАН АСТ…
ГУФТОРИ АВВАЛ:
Чанд сол қабл аз рўзгори муҳоҷирони тоҷик дар рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» чанд ҳарф навишта будам…
Ҳарфҳое буданд пур аз дарду алам, қиссае буд аз рўзгори мардуми сарсону ҳайрон, гирифтори вартаи яъсу ноумедӣ… Аз ҳаёти ҷавонмардони ҳузарбе, ки бо аробакашӣ дар бозори Черкиз қути лоямут ба даст меоранд, бонувони бесаробоне, ки ризқашонро аз фаррошиву зарфшўӣ пайдо мекунанд ва дигар ватандороне, ки ҳолашон аз инҳо бадтар, чун гирифтори фиреби корфармоёни русу арман гардида, баҳои заҳмату ҷонбозиашон ба фулуси сиёҳе қадр намегардид… Ин қиссаи мардуми оворае буд, ки гирифта аз намояндагони мақомоти расмии Русия то ба гурўҳҳои ҷиноятпешаи ғайриқонунӣ, мисли неофашистону тоссарҳо таҳқир мекарданд, вале касе ба ҳимояти эшон садо баланд намекард…
Чун ин бор низ озими Русия шудам, андеша мекардам, ки ҳамватанонро боз дар ҳоли зор хоҳам дид ва боз агар дар ҷое аз тоҷик буданам ишора шавад, бо ман бо лаҳни тунду дурушт ва беэҳтиромона муносибат хоҳанд кард. Матолибе, ки пайваста дар ВАО нашр мегарданду аз тариқи шабакаҳои мухталифи телевизиони Русия паҳн мешаванд, маро беихтиёр дар банди ин андеша гирифтор мекарданд. Чун яқинан намедонистам, бехабар будам, ки дигар аксари тоҷикон дар Русия мавқеашон устувор шудааст. Ҳисси тоҷикбадбиниву нажодпарастӣ дигар ғолибан мавзўи баҳси сиёсатмадорону баъзе васоити ахбори омма гардидааст ва ё беҳуқуқии тоҷик аҳёнан аз забони роҳбарони баъзе ба ном «ҷамъиятҳои ғамхори муҳоҷирони тоҷик», ки бо талқини миллатгароёни рус ҷонибдори ҷорӣ намудани раводид байни Тоҷикистону Русия ҳастанд, садо медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё