ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Вале воқеият чизи дигар аст. Мутаассифона, ба иллати оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки анбўҳи тоҷиконро ба дигар кишварҳо, бахусус Русия фурў рехт, истилоҳи «гастарбайтер» бо номи «тоҷик» сахт хў гирифт. Ин назари ғалат, яъне дар симои ҳар як муҳоҷир «тоҷик»-ро дидан ба шарофати ВАО-и Русия сахт ба зеҳни мардуми бумӣ нишастааст, ки гумон мекунам, агар имрўз як нафар тоҷик дар Русия набошад ҳам, муҳоҷирони дигар миллатҳоро ба унвони «тоҷик» ёд хоҳанд кард, гарчанд имрўз дар Русия ўзбек, қирғиз, озариву арманӣ ва мисли инҳо ба маротиб зиёданд, бахусус аввалиҳо, ки теъдодашон аз тоҷикон бештар аст. Дигар ин ки муҳоҷирони имрўзаи тоҷик аз муҳоҷирони даҳ -понзаҳ сол қабл, ки на ҳунаре доштанду на забонро медонистанд, бакуллӣ тафовут доранд. Бештари онҳо ба тарзи зист ва фарҳанги русҳо мутобиқ гардида, дар сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусии Русия фаъолият мекунанд. Бахусус, насли ҷавони тоҷик, ки дар ин кишвар таваллуд ва бузург шудаанд, дар донишгоҳҳои бонуфузи он таҳсил менамоянд ва дар радифи ҳамсолони руси худ дар Артиши Русия адои хизмат мекунанд...
Барои ман шигифтангез буд вақте, ки дар рўзи мавлуди яке аз тоҷикони муқими Твер, раиси «Ҷамъияти фарҳанги тоҷикон»-и ин вилоят Муқим Майбалиев собиқ Губернатори вилояти мазкур, яке аз доротарин шахсиятҳои Русия Дмитрий Зеленин, Раиси палатаи қонунгузории вилоят Андрей Епишин ва чанде аз вазирону раисони ҳукумати вилояти Твер ширкат доштанду дар ин ҳамоиш суруду навои тоҷикӣ садо медод ва русу озариву арманӣ аз бузургиву фарҳанги миллати тоҷик ҳарф мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё