ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Аммо… Ҳанўз мушкилоти зиёде низ ҷой доранд, ки ҳароина аз парешониву худкомагии мо дарак медиҳанд.
Ҳанўз ҷамъиятҳову шахсиятҳое ҳастанд, ки аз номи миллати тоҷик ҳарф мезананду аз дарди мардуми тоҷик бехабаранд. Худро дар Русия ҳомии миллат муаррифӣ мекунанду аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик сарват ҷамъ мекунанд…
Ҳанўз ҷавонони роҳгумзадае ба назар мерасанд, ки шомили ҳаракату фирқаҳои мамнўъ гардида, дар банди ғафлату ҷаҳолат меафтанд. Ҳанўз шахсони масъуле ҳастанд, ки дар баробари мушкилоти муҳоҷирон вазифаи худро ба таври бояду шояд анҷом намедиҳанд. Вале ин баҳсро дар гуфтори дигар идома хоҳам дод.
ГУФТОРИ ДУВВУМ: ИМОН Ё ТААССУБ?
- Мо намегузорем, ки ҷавонони мо ба ҳаракату фирқаҳои бунёдгаро ва иртиҷоӣ шомил шаванд. Дар масоҷиди расмии Русия таблиғи ақоиди ин ҳаракатҳо мамнуъанд.
Вале ин чиз низ пўшида нест, ки намояндагони баъзе гурўҳҳо ва мазҳабҳои ғайрисуннатӣ, ки бештар аз минтақаҳои Қафқози Русия меоянд, дар байни мусалмонони дигар кишварҳо кор бурда истодаанд ва ақоиди худро таҳмил менамоянд. - гуфт яке аз ноибхатиби масҷидҳои Маскав, ки намехост номашро ошкор кунам. - Намозгузорони қафқозӣ гоҳо ба масҷид бо аслиҳаи осебрасон (травматический) меоянд. Мо чанд маротиба онҳоро таъкид намудем, ки ба масҷид бо аслиҳа ворид шудан гуноҳ аст, чун масҷид ҷои ибодату оромиш аст, вале даъватҳои мо коргар нашуд. Аз он нигаронем, ки ин одати бад ба ҷавонони мо низ асар накунад... Чизи дигар ин аст, ки ман хатмкардаи мадориси расмӣ ва муътабар ҳастам, вале зиёд ҷавононе низ ба Русия меоянд, ки дар мадрасаҳои мамнўъи кишварҳои Шарқ таҳсил намудаанд ва аз назари маърифати ислом андешаҳои мо чандон созгор нест. Онҳо ҳадафҳоеро пайгирӣ мекунанд, ки мо аз он безорем…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё