ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар воқеъ, шиддати гароиши ҷавонони мо ба дину мазҳаб бештар дар мусофират ба назар мерасад. Шояд зиндагии сангин дар ғурбат, дурӣ аз Ватан, аз дидори волидону фарзандон бошад, ки дили онҳоро ба тоату ибодат бештар моил месозад. Ва ё шояд масҷид ягона ҷое бошад, ки дар кишвари бегона бўи муҳити ошноро медиҳад,чун вақте шумо муносибати сард ва бегонаситезии аҳолии бумиро эҳсос мекунед, худро лаҳзае дар канори ҳамқавмон дидан, шояд ба дил оромиш бахшад …
Ҳароина новобаста аз он, ки чи омиле ба ин тамоюл боис мегардад, бояд эътироф кунем, ки мардуми мо ҳанўз барои ба театру музей ва ё дигар муассисаҳои фарҳангӣ рафтан омода нестанд ва масҷид ҷои нисбатан бештари таҷаммўи тоҷикон дар Русия аст. Вале ин ҷо баҳс сари дигар чиз аст… Имрўз тамоми қувваҳо кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз ин ҷамъияти бузург ба манфиати худ истифода намоянд. Маъбади ибодатро ба маҳфили сиёсату мазҳаб табдил диҳанд. Нерўи зеҳнии ҷавононро таҳти контроли худ қарор диҳанд.
Бояд фаромўш накунем, ки ҳамин ҳолат дар инқилоби Эрон нақши муассир дошт ва кишварҳои ғарб, ки имрўз аз ҳузури Эрони исломӣ нороҳатанд, нақши табодулотро дар мадориси Фаронсаву Инглистон тарҳрезӣ намуда буданд.
Раиси «Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон» дар вилояти Тверь Муқим Майбалиев низ аз ин ҳолат нигаронӣ дорад.
Ў мегўяд: - Масҷид на бояд макони тафриқаву низоъ бошад, вагарна ун оромию ваҳдате, ки дар байни муҳоҷирони вилояти Твер (ки аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон омадаанд) ҳукмфармост, метавонад халалдор гардад. Ман сари ҳар чанд вақт ба масҷид меравам ва бо намозгузорон атрофи ин масъала сўҳбат мекунам, таъкид менамоям, ки ба ҳар гуна равияву фирқаҳои ғайрисуннатӣ шомил нашаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё