ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Обрўву эътиборе, ки тоҷикони Твер доранд, қурбони дасисаҳои гурўҳҳои ифротгаро нагардонанд.
Дар шаҳри Твер воқеан ҳам ба ин масъала ҷиддан таваҷҷўҳ менамоянд. Имомхатиби масҷиди шаҳр, ки ҷавонмарди тоҷик аст, дар ҷаласаҳои «Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон» пайваста ширкат меварзад, ки мо худ шоҳид будем… Ў дар мулоқот изҳори қаноатмандӣ кард, ки ҷавонони тоҷик таҳти назорати ҷамъият қарор доранд ва зуҳуроти дар майхонаву тарабхонаҳо шароб нўшидан ва ё ҳангоми сархушӣ ба ҷангу низоъҳо ҳамроҳ шудани онҳо нисбат ба дигар миллатҳо кам ба назар мерасад.
Вале вазъи воқеӣ дар дигар шаҳру вилоятҳои Русия чӣ гуна аст? «Раҳнамову маслиҳатгар»-и ҷавонони мо дар дигар минтақаҳо киҳо бошанд? Ба тафаккуру андешаи онҳо кадом «гурўҳҳо» таъсир мерасонанд? Имрўз ҷавононе, ки бо мақсади кору таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ, минҷумла Русия мераванд, фардо ба Ватан бо чӣ гуна тафаккуру андеша хоҳанд баргашт?
Пўшида нест, ки имрўз дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг ва маориф бо Федератсияи Русия ҳамкориҳои густурда роҳандозӣ мешаванд. Вале оё дар бахши дин равобиту ҳамоҳангӣ дар ҳамин поя қарор дорад?
Ба ростӣ, дар мавриди ҳамкории Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё идораи муфтиёти кишвар бо муфтиёти Федератсияи Русия чизе нашунидаам.
Шояд шартномае ҳам вуҷуд дошта бошаду камина аз он бехабарам. Аммо ҳолате, ки имрўз ҷой дорад, дар бахши ҳамкориҳои ин ду идора ба тавсеаи бештаре ниёз дорад.
Аз ин лиҳоз гумон мекунам фурсате фаро расидааст, ки муфтиёт ҷиҳати иштироки уламои шинохтаи кишвар дар намозҳои ид ва ё гоҳ-гоҳ дар намозҳои ҷумъаи масоҷиди ҷомеи Русия бо Идораи рўҳонии мусалмонони Федератсияи Русия шартнома ба имзо расонанд, то ки онҳо имкони ба ҷавонони муҳоҷир мавъизаву насиҳат карданро дошта бошанд, аз мазҳабу суннатҳои санияи мо сўҳбатҳо кунанд, онҳоро аз гароиш ба гурўҳҳои ифротгаро ва мутаассиб ҳушдор диҳанд, вагарна ин минбари бузург насиби онҳое мегардад, ки дер ё зуд ҷавонони моро боз ба вартаи ғафлату фитна мекашанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё