ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Андеша мекунам ин иқдом аз маъракаи тадоруку ташкили ҳаҷу гирудорҳои дигар муҳимтар аст.
Душанбе июли с. 2012
ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ:
ТАЪРИХИ МУНОСИБАТҲО
Дар барномаи интихоботии довталаби №1 ба мансаби президенти Русия - В.В.Путин муҳимтарин нукта - таъсиси иттиҳоди нави Евразия (Европаю Осиё) дар шумули Русия, Белорусия, Қазоқистон бо эҳтимоли ҳамроҳшавии ҷамоҳири Тоҷикистону Қирғизистон мебошад. Яъне, бо вуҷуди сиёсати нофаҳмои давраи гузариш, табадуллоти солҳои 90- ум ва талаби машҳури «падари маънавии демократияи рус»
Солженитсин, ки Осиёи Миёнаро як бори зиёдатӣ, «кўррўда» - «апендитсит» барои Русия номида буд, чунин тадбир
- пайванди амалӣ бо Осиёи Миёна, дар барномаи амали ҳар як президенти навбатии Русия ҷой дошт ва боқӣ хоҳад монд.
Таърихи муносибатҳои ин минтақа таърихи дурудароз дошта, аз садаи 16-ум оғоз мегардад. Вале пас аз он,
ки аз ҷониби сегонаи славянӣ - Русия, Украина, Белорусия
соли 1991 ИДМ - Иттиҳоди нави Давлатҳои Муштаракулманофеъ таъсис дода шуд, Туркманистон бетарафӣ эълом
намуда, сиёсати ба блокҳо ҳамроҳнашавиро тавассути СММ расмӣ кард ва ҳарчанд, ки Русия бо мутахассисонаш дар кошифӣ, истихроҷ ва тиҷорати газу нафти он ширкат мекунанд, вай боигарии худро танҳо дар асоси созишномаи барояш муфид амалӣ мегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё