ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ўзбекистон, ки дар давлатдорӣ собиқаи зиёд дорад, бо сиёсати печидаи мувофиқ ба манфиатҳои иқтисодии худ, гоҳ ҷониби Амрико мекалавад, гоҳ худро ба оғўши сарди Русия меандозад ва ҳамчун Туркманистон захираҳои табиии худро дар асоси созишномаҳои муфид ба Русия мефурўшад. Чӣ тавре ки рўзгор дар як муддати кўтоҳ нишон дод, «ишкамбаи зиёдатӣ» будани Осиёи Миёна барои Русия танҳо як афсона будааст, ки бо ҳадафи сиёсӣ таҳмил гардид. Аслан, ҳама халқу давлатҳои Осиёи Миёна ба муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ авлавият дода, то ҳол ба мўъҷизае умед мебанданд, ки ҳамкории собиқа бигузор дар шаклҳои муосир ҳам бошад, аз нав сурат гирад. Зеро ки ин муносибат дар муддати тўлонӣ ба амал омада ба хуну мафкураи халқҳои минтақа ворид шудааст ва на талаби дурушти қонунҳои давлати алъон «бегона», на сарсонию саргардонӣ дар ҷустуҷўи кор, на фиребу найранги кордиҳандагон ва на сарбурии калсарҳо -скинхедҳо ҳанўз эҳсоси «дўсти дерина ва санҷидашуда» будани халқи русро барҳам назадааст.
Русия низ аз нахуст бо Осиёи Миёна баробари ҳадафҳои сиёсию марзӣ - геополитикӣ ҳадафҳои сирф иқтисодӣ низ дошт.
ДАВРАИ 1.
ОСИЁИ МИЁНА БО РУСИЯ:
КАШИШ АЗ ҲАРДУ ҶОНИБ
Таърихи муносибатҳои мутақобилаи Русия ва Осиёи
Марказиро маъмулан ба се давра тақсим мекунанд. Аз замонҳои қадим то ҳуҷуми муғул тиҷорат аз Шарқ ба Ғарб ва - аз Чин то Рум ва аз марказ ба ҷануб - то Синду Ҳинд сурат мегирифт, ки бо номи Шоҳроҳи Абрешим маъруф аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё