Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Пас аз Осиёи Марказиро истило кардани Чингизхон ва ҷангҳои минбаъдаи ў бо кишварҳои дигар ин роҳ амалан баста шуд. Танҳо дар оғози асри 16, пас аз қатъ гаштани низоъҳои дохилӣ барои тиҷорат шароити беҳтар ба вуҷуд омада, Бухоро чун пойтахти давлати Шайбониён маркази тиҷоратии Осиёи Миёна, нуқтаи омадурафти тоҷирони хориҷӣ ва гузаргоҳи муҳим барои моли хориҷӣ шуд. Вале харитаи роҳи абрешим дар шакли аввала барқарор нагашт.
Зеро ки дар натиҷаи ҷангҳои пайвастаи аморати Бухоро бо Эрон ва ихтилофи мазҳабии шиъа ва суннӣ сарҳади ғарбиро ба рўи Бухоро баст. Дар дасти Португалия мондани бандарҳо ва роҳҳои асосии баҳрии Ҳинд интиқоли моли тарафайнро дар самти Марказ-ҷануб ғайриимкон гардонд. Ҳоли ногувори Чини зери истилои муғулҳо монда роҳҳои асосии корвонгузарро ки аз Чин оғоз мегардид, ба муддати тўлонӣ тағйир дода, пеши ҳама гуна ҳамкориро бо ин кишварҳо баст. Ва маҳз дар ҳамин замина бо Русия муносибатҳои нави дипломатӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ монда шуд. Барои Русия, ки мудом аз кишварҳои ғарбии аврупоӣ дар азият буда, барои мавҷудияти худ қариб ҳамеша дар ҳолати ҷангӣ қарор дошт, робита бо Осиёи Миёна аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намуд. Яъне ки дар амал маҳз фоидаи иқтисодӣ ин кишварҳоро ба ҳам наздик намуд.
Аз нимаи дуюми асри 16 рафтуомади сафирони тарафайн ранги доимӣ гирифта, худи сафирон бо корвонҳои тиҷоратӣ меомаданд. Аз тиҷорати шоҳӣ ва хонӣ боҷ гирифта намешуд. Бинобар ин, ҳокимон бо камоли майл молу коло мефиристоданд. Аз корвонҳои алоҳида, ки ба Астрахан - шаҳри он замон сарҳадии Русия рафтуомад мекарданд, боҷи андак меситониданд ва ин тиҷоратро маҳдуд намекард. Молҳои Осиёи Миёна барои Русия чунон зарурат пайдо карда, ба таомул даромада буданд, ки ҳатто ба доираи истилоҳот ва топонимикаи он таъсир гузоштанд.

пешина
аз 601
навбатӣ