ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Мисол, яке аз миқёсҳои маъмули вазн дар давлати Москва «ансири бухороӣ» номида мешуд. Дар давлати хонии Қазон тоҷирони осиёимиёнагиро «тезикҳо» (тоҷикҳо) меномиданд. Дар маркази шаҳри Қазон маҳалле буд, ки бо номи «мавзеи тезикҳо» шўҳрат дошт. Минбаъд тиҷорат дар самти Сибир ҳам вусъат ёфт. Зеро ки ба молҳои Осиёи Миёна дар ин ҷо зарурати бештар доштанд ва бо ин сабаб ҳукумати Москва аз тоҷирон дар ин самт умуман боҷ намеситонд. Талабот махсусан ба матоъҳои гуногуннавъи пахтагӣ ва абрешимӣ зиёд буд. Аз Москва ба Осиёи Миёна пўсти хом, зарфҳои чўбӣ, газворҳои пашмӣ, маснуоти фулузӣ оварда мешуд. Тиҷорати он бо мамолики Аврупо бар асари ҷангҳои доимӣ бо кишварҳои он мушкил буд. Як қисми он маҳсулотро дар аморати Бухоро тоҷирони ҳинду ва эронӣ мехариданд.
Ҳанўз дар он замони дар назар тираи асримиёнагӣ ҳукумати Москва ҳамроҳи корвонҳои тиҷоратӣ ба ин минтақаи ба Русия наву ҳанўз номаълум мутахассисони соҳаҳои гуногунро низ мефиристод. Маълумоти аз ҷониби тоҷирону сайёҳон ба даст омада барои Русия моҳияти дигар пайдо карда, ба ҳудуди Осиёи Миёна чун мавзеи ҳамшафати Ҳинд таваҷҷўҳ намуд. Бо фармоиши Пётри 1 дар даҳаи дуюми асри 18 мутахассисони рус омада, роҳҳои обии минтақаро омўхтанд. Ба фикри онҳо мебоист маҷрои қадимаи рўди Ому - Узбой барқарор шуда, рўд то баҳри Каспий тамдид меёфт ва тавассути он флоти баҳрӣ-дарёии рус то Бадахшон расида, барои ҳуҷум ба Ҳинд истифода мегардид. Вале коршиносон диданд, ки оби Амударё бештар хусусияти мавсимӣ дошта, чандон зиёд нест ва қисмати болооби он, ки дар минтақаи камобу тезҷараён аст, барои киштигардӣ ҳеҷ мувофиқ намебошад. Бинобар ин аз ҳадафи ҳарбӣ - ҳуҷум ба самти Ҳиндустон сарфи назар карданд, вале бо назардошти захираҳои бузурги нафту газ, пахта, мева, матои пахтагӣ ва ғайра ба рушди минбаъдаи тиҷорат заминаи боэътимоде гузоштанд ва дар паси дарҳои пўшидаи дарбори Пётри 1 барномае тарҳрезӣ шуд, ки мебоист дар давоми 100 сол ин минтақаро куллан барои манфиатҳои Русия истифода менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё